Таъсиси кафедраи «Биохимия ва генетика» дар Донишгоҳи омӯзгори Тоҷикистон

Февраль 2, 2021 16:18

ДУШАНБЕ, 02.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригашта дар назди факултети биологияи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кафедраи «Биохимия ва генетика» таъсис дода шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори донишгоҳи мазкур,  доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ба хабарнигорон иброз дошт.

— Илова ба ин ихтисоси «Таърих. Таърихи дин» дар назди факултети таърих ва ихтисоси  «Забон ва адабиёти тоҷик. Маърифати оиладорӣ» дар назди факултети филологияи тоҷик таъсис дода шуданд, — афзуд Нӯъмонҷон Ғаффорӣ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон соли гузашта ду лоиҳаи пешниҳодкардаи донишгоҳи мазкур «Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим»   ва «Беҳтар гардонидани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ-ҳамчун ангезиши дохилшавӣ  ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон»   қабул гардида, ин лоиҳаҳо татбиқ шуда истодаанд.

Гуфта шуд, ки дар баробари  ҳамкорӣ бо 75 донишгоҳи хориҷии дуру наздик соли 2020 ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн татбиқи лоиҳаҳо ва табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён бо 4 донишгоҳи хориҷи мамлакат шартнома ба имзо расонида шуд.

Февраль 2, 2021 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад