Татбиқи Лоиҳаи беҳсозии якҷояи ҳифзи тандурустӣ ва макони зист дар минтақаи Рашт баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз таҳти раёсати роҳбарияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории Кумитаи роҳбарикунандаи Лоиҳаи беҳсозии якҷояи ҳифзи тандурустӣ ва макони зист дар водии Рашт баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди маҳал хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси Кумита Қосим Роҳбар, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода, Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва раисони шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор иштирок доштанд.
Лоиҳаи беҳсозии якҷояи ҳифзи тандурустӣ ва макони зист дар минтақаи Рашт бо дастгирии маблағгузорон — Оҷонсии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд ва Шабакаи Рушди Оғохон мавриди татбиқ қарор дорад.
Фонди Тоҷикистонии Оғохон шурӯъ аз соли 2018 дар ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор тавассути лоиҳаи мазкур теъдоди муайяни омӯзишҳо, хатҳои оби нӯшокӣ, бунгоҳҳои саломатӣ, идоракунии захираҳои офатҳои табиӣ ва дастрасӣ ба маблағро (қарзҳо бо фоизи паст 12% солона) амалӣ гардонида истодааст.
Лоиҳаи мазкур дар маҷмӯъ 147 деҳа, 20 816 хонавода ва 139 429 нафар аҳолиро фаро гирифтааст, ки 32 фоизи умумии аҳолии шаҳру ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳаро дар бар мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






