Тоҷикистон ва Хорватия ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳии экологию кӯҳнавардӣ мароқ зоҳир намуданд

Февраль 19, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо Хорватия ҳамкориро дар бахши сайёҳӣ тақвият медиҳанд. Дар ин робита имрӯз дар Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразодава бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон Рефик Шабанович доир гардид, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хорватия  дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сафири Хорватия ҳавасмандии кишварашро барои   тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳгардӣ ва варзишӣ изҳор намуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешрафтаи Хорватия дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод намуд, ки байни ду кишвар санадҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Ҷониби Хорватия пешниҳодро бо хушӣ қабул карда, барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.

Мулоқот дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Февраль 19, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад