То соли 2022 дар Тоҷикистон 12 маркази омӯзишӣ барои ҷавонон бунёд мегарданд

Февраль 19, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  То соли 2022 ҷиҳати ба омӯзиш фаро гирифтани касбомӯзон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар мамлакат 12 маркази касбомӯзӣ ба истифода дода мешаванд. Марказҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ барои ҷавонон сохта ва бо инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, ки ин барои соҳибкасб намудани ҷавонон дар мамлакат мусоидат менамояд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин тасмим 17 феврал зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо директори Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сидиқзода гирифта шуд.

Тавре Сарвари мамлакат дар Паёми навбатишон иброз намуданд,  «тибқи таҳлилҳо, сатҳи касбияти коргарон ҳанӯз ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ набуда, ин масъала ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.

Дар ҷараёни ислоҳот як масъаларо ба эътибор бояд гирифт, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарурат ва талабот барои ҷорӣ намудани омӯзиши садҳо ихтисоси дигар вуҷуд дорад. Ҳоло дар мамлакат 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 97 ихтисос ва 5 маркази таълими калонсолон бо 41 филиал ва 21 намояндагӣ аз рӯи 93 касб кадрҳои коргарӣ тайёр мекунанд».

Ҳамчунин Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки «соли равон дар заминаи литсею коллеҷҳои техникӣ 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир барои омӯзиши 50 касбу ҳунар ба фаъолият шурӯъ менамоянд».

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, тақвияти фаъолият дар самти рушди инфрасохтори зарурӣ ва татбиқи амалии лоиҳаи «Таҳкими устувории иҷтимоӣ – иқтисодӣ»- ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Февраль 19, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид