Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе барои ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт саҳм мегузоранд
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ дар ҳудуди маҳаллаи Гулободи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 50 адад дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.
Тавре вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Зайналобиддин Кобулӣ иброз дошт, дар ин ҳашари умумишаҳрӣ сокинони маҳаллаи мазкур, коллективи омўзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 36 ва кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур, ки дар қаламрави ҳавзаи интихоботии мазкур қарор доранд, бо асбобу олоти зарурӣ атрофи ниҳолҳои пештар шинондаро нарм карда, пору рехтанд ва атрофи биноҳои истиқоматиро тоза намуданд.
Зайналобиддин Кобулӣ гуфт, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз сокинони пойтахт даъват намуда буд, ки «ҳамчун нишони ҳамраъйӣ дар мавсими ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва назди биноҳои истиқоматӣ як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд». Ин даъват на танҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе, балки дар сар то сари кишвар ҳамовозӣ ва ҷонибдории самимӣ пайдо карда, ба ташаббуси умумимиллӣ табдил ёфт.
Риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ дар кўчаву маҳаллаҳо, шаҳракҳо боғу майдонҳо, гулгаштҳо, майдонҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳрӣ, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулият ва уҳдадории ҳамаи шахсони мансабдору шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.








БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






