Вазири маориф ва илм ва Сафири Украина дар Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории илмиро баррасӣ карданд

Февраль 24, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи зиёди кормандони соҳаи тиб ва олимону донишмандон рисолаҳои илмии худро дар Ҷумҳурии Украина ҳимоя карда, ҳоло дар дохили  мамлакат фаъолияти назаррасу судманд доранд. Ин нуктаро 21 феврал Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк баён дошт.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ав илми мамлакат ба АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот якчанд масъалаҳои марбут ба ҳамкории ду кишвар дар самти илму маориф баррасӣ шуданд.

Муҳаммадюсуф Имомзода аз ҳамкории мутақобилан судманд  дар соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, иброз дошт, ки  хуб мешуд масъалаи фароҳам овардани имконияти ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар дигар соҳаҳо дар кишвари Украина барои шаҳрвандони Тоҷикистон бозбинӣ шавад ва унвону дараҷаҳои илмии Тоҷикистон дар кишвари Украина эътироф гардад.

Василий Серватюк аз пешниҳоду дархости Вазири маориф ва илми Тоҷикистон истиқбол намуда, зикр дошт, ки кишвари Украина низ барои ба роҳ мондани ин гуна ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳои дипломативу дӯстонаи ду давлату миллат моил буда, дар фурсати муносиб расман ба амалигардонии ин масъалаҳо иқдом менамояд.  Мавсуф пешниҳод намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи таълимӣ баргузор карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот гуфта шуд, ки ҳамасола аз ҷониби кишвари Украина 20 бурсияи таҳсилӣ (15 бакалаврият ва 5 магистратура) барои шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод мегардад, ки тибқи ин бурсияҳо даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон имкони таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Украинаро ба даст меоранд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо кишвари Украина дар асоси Созишнома миёни Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф  аз 9 апрели соли 2003 ва санадҳои ҷаласаи ҳамасолаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст.

Февраль 24, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд