ВАЗНИ ШУМО АФЗУД? Духтури тоҷик даҳ сабаби фарбеҳӣ ва роҳҳои халосӣ аз ин бемориро номбар кард

Февраль 24, 2021 08:15

ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи фарбеҳӣ (аз меъёр зиёд ҷамъ шудани чарбу дар қабати зери пӯст ва узвҳои дарунӣ) дар асри 21 ба ҳама асар кардааст, сарфи назар аз мақоми иҷтимоӣ, синну сол, ҷинс ва ҷойи зиндагӣ. Мутобиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон тақрибан 1,7 миллиард нафар вазни изофӣ доранд. Бинобар ин ба масъалаи пешгирии фарбеҳӣ ҳамчун масъалаи доғи рӯз дар Тоҷикистон низ диққати калон дода мешавад. Бо ин мақсад дар кишвар «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024″ тасдиқ карда шудааст.

Бо дарназардошти ин, ду сол қабл дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки дар доираи Стратегияи ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024 ҷиҳати омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. «Ин мушкилот диққати ҷиддӣ талаб мекунад, — гуфтанд Сарвари давлат, — зеро вазни изофӣ сабаби асосии бемориҳои зиёд ва инчунин марг ва маъюбӣ мебошад».

Таҳлил нишон медиҳанд, ки солҳои охир истеъмоли ками маҳсулоти серғизо ва истеъмоли зиёди ғизоҳои зудтайёршаванда, ғизоҳои серравған, нӯшокиҳои ширини бидуни алкул, шакар ва намак ба афзоиши бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 17% аҳолии кишвар вазни изофӣ дорад ва 11,3% аз фарбеҳӣ азият мекашад. Гузашта аз ин, дар байни кӯдакони аз 6 то 17- сола нишондиҳандаи фарбеҳӣ 4,7% -ро ташкил медиҳад. Вазорати тандурустии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки сокинони кишвар маҳсулоти хамирӣ ва шириниҳоро аз ҳад зиёд истеъмол мекунанд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти нонӣ дар солҳои мухталиф аз 36,5% (2012) то 28% ғизои дастархони тоҷикистониёнро ташкил медиҳад.

Аммо афзоиши ғайричашмдошти вазн метавонад сабабҳои дигаре низ дошта бошад ва зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» духтури парҳезшинос, мудири кафедраи гигиенаи муҳити атрофи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, доктор илмҳои тиб Ҳотамбек Хайров ҳафттои онҳоро номбар кард.

Ба фикри ӯ, сабабҳои инкишофи бемории фарбеҳӣ гуногун мебошанд ва яке аз онҳо вайроншавии таркиби ғизои аҳолӣ мебошад.

Вазни бадан инчунин метавонад аз ҳисоби банд мондани моеъҳо дар бадан зиёд шавад. Барои роҳ надодан ба ин, бояд реҷаи нӯшидан танзим карда шавад, миқдори намаки истеъмолшаванда кам гардад, аз истеъмоли маҳсулоти ҳасибӣ ва чипсҳо даст кашида шавад.

Омили дигари фарбеҳиро ӯ истеъмоли аз ҳад зиёди ғизо номид, ки аксарияти аҳолӣ ба ин машғул аст. Духтур чунин мешуморад, ки ҳар кас бояд мувофиқи синну сол, вазъи саломатӣ ва физиологияаш хӯрок бихӯрад. Ӯ гуфт, ки пурхӯрӣ бештар шабона рух медиҳад. Ҳангоми шом хӯрок аз меъёр зиёд  истеъмол мешавад ва дар натиҷаи беҳаракатӣ он дар бадан боқӣ монда, боиси ҷамъ шудани чарбҳо дар бадан мегардад.

Ҳотамбек Хайров бар ин назар аст, ки истеъмоли ғизо бояд тамоми рӯз назорат карда шавад. Реҷаи дурусти истеъмоли ғизо барои инсон 3-4 маротиба мебошад. Ғизо бояд ҳангоми наҳорӣ 25%, нисфирӯзӣ 45% ва шом 15%-ро ташкил бидиҳад. Риоя накардани парҳез ва истеъмоли ғайри саривақтии ғизо боиси пайдоиши бемориҳои меъдаю рӯдаҳо ва бемориҳои дигар мешавад.

Тарзи ҳаёти камҳаракат дар якҷоягӣ бо пурхӯрӣ ба яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ мубаддал мешавад. Ҳангоме, ки миқдори зиёди туршиҳои чарб ва карбогидратҳо оксид мешаванд, дар ҳолати суст шудани мушакҳо ба чарбуи бадан мубаддал мешаванд. Вақте ки инсон ғизо истеъмол мекунад, он бояд давоми 24 соат масраф карда шавад. Дар ҳолати кор накардан, нисфи ғизо барои зарурати узвҳои одам сарф мешавад, қисми боқимонда дар натиҷаи фаъолияти кӯтоҳмуддат ба қабатҳои чарб табдил меёбад. Дар сурати ба чарб мубаддал шудан он рӯз ба рӯз ҷамъ мешавад ва боиси афзоиши вазн мегардад.

Аксар вақт камбуди хоб ба афзоиши вазн мусоидат мекунад. Бо сабаби реҷаи нодуруст иштиҳо баланд мешавад, чунки мағзи сар кӯшиш мекунад, ки захираи неруро аз ҳисоби калорияҳо барқарор намояд. Ин инчунин боиси афзоиши коркарди инсулин ва кортизон, халалдор шудани мубодилаи моддаҳо мешавад.

Ҷамъшавии чарбҳо дар бадан, ки халос шудан аз он душвор хоҳад буд, дар натиҷаи истеъмоли ғизоҳои дорои калорияи баланд ва чарбҳо, аз қабили гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ бо қанд, ҳама гуна конфетҳо, кулчақандҳо сурат мегирад. Масалан, агар истеъмоли зиёда аз 100 ккал неру дар як рӯз боиси ҷамъ шудани 10 грамм чарбуи бадан гардад, ин ба 300 грамм дар як моҳ ва 3 кг дар як сол баробар хоҳад буд.

Сабаби дигари афзоиш ёфтани вазн — ин такони рӯҳии тӯлонӣ (стресс) мебошад, ки боиси ҷудо шудани кортизол мешавад ва он ба зуд ҷамъ шудани чарбҳо мусоидат мекунад.

Вазн метавонад аз ҳисоби истифодаи давомдори доруҳо, масалан, гормонҳои стероидӣ, нейролептикҳо, антидепрессантҳо ва доруҳои зидди кашидашавии рагҳо афзоиш ёбад.

Омили дигари фарбеҳӣ — ин ирсият мебошад. Тибқи гуфтаи олимон, агар яке аз волидон дар оила фарбеҳ бошад, дар оянда эҳтимоли фарбеҳӣ дар кӯдакон то 40 фоизро ташкил медиҳад. Агар ҳарду волидон фарбеҳ бошанд, пас ин эҳтимол барои кӯдакон то 80 фоиз афзоиш меёбад.

Одатҳои бад, аз қабили истеъмоли машрубот ва тамокукашӣ низ метавонанд боиси фарбеҳӣ шаванд.

***

Мувофиқи маслиҳати табибон, ҷузъи ҳатмии барномаи коҳиши вазн зиёд намудани фаъолияти ҷисмонӣ мебошад. Шомил намудани машқҳои аэробикӣ ҳам барои коҳиши вазн ва ҳам барои нигоҳдории он пешбинӣ шудааст. Маҳз машқҳои аэробикӣ ба коҳиши чарбҳои бадан дар мавзеи шикам ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои мубодилаи липидҳо ва карбогидратҳо мусоидат мекунад.

Аммо, ҳангоми истифодаи танҳо усулҳои ғайридоруии табобат на ҳамеша ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан мумкин аст. Аз ин рӯ, дар баъзе ҳолатҳо таъйини доруҳо лозим меояд. Танҳо духтур бояд доруҳоро барои табобати фарбеҳӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти инфиродии ҳар бемор, мушкилоти эҳтимолӣ ва оқибатҳои он таъйин кунад.

Дар ҳолатҳои вазнини фарбеҳӣ (ВИБ зиёда аз 40 ва / ё мавҷудияти мушкилоте, ки коҳиши сареъи ҳаҷми баданро тақозо мекунанд, бесамарии табобати консервативӣ), табобат бо усули ҷарроҳӣ сурат мегирад. Ҷарроҳии бариатрӣ (барои коҳиши ҳаҷми меъда, масоҳати сатҳи ҷаббиши рӯдаи борик) ва ҷарроҳиҳои косметикӣ (барои дур кардани бофтаҳои чарбӣ ва пӯст) истифода мешаванд.

«Мутаассифона, одамони гирифтори фарбеҳӣ умри дароз намебинанд», — мегӯяд парҳезшинос Ҳотамбек Хайров. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна одамон бештар аз фишори баланди хун, диабети навъи 2, баъзе намудҳои саратон (саратони сина, саратони рӯдаи ғафс) ва рӯдаю меъда азият мекашанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки одамони гирифтори вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ реҷаи  истеъмоли вояҳои ғизои парҳезиро тартиб бидиҳанд, маҳсулоти ғизоии истеъмолшуда ва ҳаҷми онро дар он сабт кунанд. Ҳангоми риояи мунтазами ин реҷа фарбеҳӣ аз байн хоҳад рафт.

***

Тавре мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» Анушервони Билол  иброз медорад,  бемории фарбеҳӣ бештар дар бадани занҳое, ки дар шароити шаҳр зиндагӣ мекунанд, мушоҳида мешавад. Таҳқиқоте, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидааст, нишон медиҳад, ки инкишофи бемории фарбеҳӣ дар сатҳи шаҳр баланд буда, сабаби асосии ин камҳаракат будани занҳо дар шароити шаҳр мебошад.

Ба гуфтаи ӯ,  одамон ҳангоми истеъмоли ғизо ба он  намаки зиёд ҳамроҳ менамоянд, ки  боиси афзудани иштиҳо,  гум шудани эҳсоси серӣ дар вуҷуди инсон мешавад ва ӯ ғизои бештар истеъмол менамояд. Билохира ин боиси фарбеҳӣ ва оқибатҳои ногувор мешавад. Тибқи хулосаҳои олимон, пурхӯрии ғизо бештар ҳангоми хӯроки шом сурат мегирад. Ҳангоми хӯроки шом ғизо аз меъёр зиёд истеъмол мешавад ва  дар натиҷаи беҳаракатӣ он дар бадан боқӣ мемонад ва сабаби  ҷамъшавии чарб дар бадан мегардад.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Февраль 24, 2021 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд