Вазорати адлия: Соли сипаришуда пош хӯрдани оилаҳо дар қиёс ба соли 2019 беш аз ду ҳазор ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 01.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон соли сипаригардида 67 ҳазору 104 ҳолати сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки ин омор соли 2019 ба зиёда аз 79 ҳазор ҳолат мерасид. Ҳамзамон соли гузашта 10 ҳазору 536 ҳолати бекор кардани сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба соли 2019 беш аз ду ҳазор ҳолат коҳиш ёфтааст.
Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашӯриён имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе, ки фаъолияти Вазорати адлияи мамлакатро дар соли гузашта натиҷагирӣ кард, омили асосии пош хӯрдани оилаҳо, бахусус оилаҳои ҷавонро паст будани сатҳи маърифати оиладорӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон соли 2020 аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 192 ҳолати сабти ақди никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, назири Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Амрико ба қайд гирифта шудааст.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






