Вазорати энергетика: Корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқии обӣ идома доранд

Февраль 1, 2021 15:50

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум», бунёди лоиҳаи «CASA- 1000» ва корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ идома доранд. Дар ин бора имрӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Ба зикри номбурда, соли равон корҳои сохтмонии хати интиқоли барқи 500 кВ  «Роғун- зеристгоҳи конвертории Сангтӯда» ва корҳо дар самти кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири бахисобгирии неруи барқ дар  шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияҳои Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз меёбанд.

«Бояд гуфт, ки дар доираи қисматҳои лоиҳаи минтақавии CASA-1000  корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома дода шуданд. Дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ ва сохтмонию васлу насби конструксияҳо идома дода шуда, ҳамчунин то ин муддат як қатор молу таҷҳизоти зарурӣ ба мамлакат ворид карда шуданд»,- гуфт Ҷумъа Далер.

Ҳоло барои ҷорӣ намудани механизмҳои муосири ҳуқуқӣ оид ба танзими соҳаи об ва пешбурди сиёсати обӣ дар мамлакат Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардида, Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои то соли 2030 таҳия ва бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардидааст. Дар фурсати наздиктарин он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда  мешавад.

Февраль 1, 2021 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
607 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид