ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Муноқишаи оилавӣ бо фоҷиа анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Куштори мудҳише аз ҷониби як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, прапоршики қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азаматулло Икромзода содир шудааст. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медихад, куштор 20 феврал дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки рӯзи шанбеи гузашта тахминан соати 14:30 ӯ ба хонаи волидони ҳамсараш ба деҳаи Мадад, ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ омадааст ва муноқишаи оилавӣ сар задааст. Прапоршик бо истифода аз тапончаи Макаров ҳамсараш, падари ҳамсараш ва модари ҳамсарашро ба қатл расонидааст.
Бо андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Азаматулло Икромзода аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
АКС аз бойгонӣ








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






