ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Муноқишаи оилавӣ бо фоҷиа анҷом ёфт

Февраль 22, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 22.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Куштори мудҳише аз ҷониби як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, прапоршики қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азаматулло Икромзода содир шудааст. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медихад, куштор 20 феврал дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи шанбеи гузашта тахминан соати 14:30 ӯ ба хонаи волидони ҳамсараш ба деҳаи Мадад, ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ омадааст ва  муноқишаи оилавӣ сар задааст. Прапоршик бо истифода аз тапончаи Макаров ҳамсараш, падари ҳамсараш ва модари ҳамсарашро ба қатл расонидааст.

Бо андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Азаматулло Икромзода аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 22, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст