Барои китобхонаҳои деҳоти ноҳияи Варзоб китобҳои тозанашр харидорӣ карда мешаванд

Февраль 12, 2021 10:41

ВАРЗОБ, 12.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд ҷиҳати дар 16 китобхонаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Варзоб ниҳоят кам будани китобҳои бачагона ва китобҳои бадеии тозанашр  раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода посух дод, ки «ман ин камбудиро тасдиқ мекунам, ҳарчанд ки соли 2021  аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағи хариди китоб пешбинӣ шуда бошад ҳам, лекин дар ҳузури шумо, рӯзноманигорон ба сардори Раёсати молияи ноҳия супориш медиҳам, ки дар баробари маблағҳои пешбинишуда барои хариди китоб дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби маблағҳои озоди ноҳия дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ  барои китобхонаҳои деҳоти ноҳия китобҳои тозанашр харида шаванд».

Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода  зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон  иттилоъ дод, ки сокинону соҳибкорон ва кормандони  ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони 270 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 153 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Айни замон сохтмони 58 иншооти дорои аҳамияти гуногун  идома дорад.

Дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар умум 12 муассисаҳои таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона ва дигар намуди иншооти хизматрасонӣ бунёд мегарданд. Ҳамзамон сохтмони  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз гардид, ки дар арафаи ҷашни  бузурги таърихӣ ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки  соли 2020 дар ноҳияи Варзоб 403 нафар  шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин шуда, 75 нафар бекорон  ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 305 нафар  шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд. Ба 128 нафар ба маблағи 73 090 сомонӣ  кумакпулӣ барои бекорӣ дода шудааст.

Февраль 12, 2021 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад