Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ташаккули дурусти заминаҳои ҳуқуқии Агентии назорати маводи нашъаовар баррасӣ шуд

Февраль 15, 2021 10:48

ДУШАНБЕ, 15.02.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташаккули дурусти заминаҳои ҳуқуқии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини низоми мувозанаи заминаҳои ҳуқуқии мақомоти махсусгардонидашудаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқгардонии самти танзими ҳуқуқии Қонуни мазкур ба талаботи низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқ намудани сохтор ва мазмуни Қонун ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи созишномаҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардида мебошад.

Ин матлабро  сардори раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонун аз дебоча, 8 боб ва 39 модда иборат буда, вазъи ҳуқуқӣ, вазифа, принсипҳои фаъолият, низом, сохтор, ваколат, тартиби қабул ба хизмат, кафолатҳои давлатии ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандон, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

Лоиҳаи Қонун танзими маҷмӯии мақоми ҳуқуқии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар шохаи ҳокимияти иҷроия, тавассути меъёрҳои ваколатдоркунанда, уҳдадоркунанда ва манъкунандаи санадҳои қонунгузорӣ ва зерқонунӣ пешбинӣ кардааст.

Дар иртибот ба ҳуқуқу имтиёз ва кафолатҳои бо лоиҳаи Қонуни мазкур пешбинишуда бояд гуфт, ки чунин имтиёз ва кафолатҳо мувофиқи қонунҳои соҳавӣ, барои кормандони милитсия ва воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муқаррар карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, пешбинӣ намудани чунин имтиёзу кафолатҳои мавҷударо  барои кормандони Агентӣ ҳам мувофиқи мақсад ва зарур мешуморем.

Вобаста ба ҳуқуқу имтиёз ва кафолатҳои молиявӣ ва ғайримолиявии дар лоиҳаи Қонун пешбинишуда бояд гуфт, ки онҳо аслан меъёрҳои нав набуда, ҳанӯз аз солҳои аввали таъсиси Агентӣ барои кормандони он мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” муқаррар гардидаанд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.

Зимни муаррифии ин масъала таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар соҳаи танзими давлатӣ ва ташкили фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ таҳия карда шудааст.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз 23 январи соли 2015 зикр гардида буд, ки ҷиҳати пешгирии паҳн намудани намудҳои нави воситаҳои нашъадор, такмили усулҳои мубориза дар ин самт, тарзи офиятбахшии шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ, таҳкими ташаккули афкори ҷомеа бар зидди воситаҳои нашъадор ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ин хатари марговар ба мақсад мувофиқ аст, ки қонунгузорӣ дар соҳаи назорат ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии чунин воситаҳо бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ таҷдиди назар карда шавад.

Дар заминаи гуфтаҳои боло лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади такмил бахшидан ба низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо амалиёти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ҷиҳати тасниф намудани ваколатҳои сохторӣ ва функсионалии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва созишномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон ба имзо расонидааст, таҳия гаштааст.

Дар таҳияи  лоиҳаи Қонуни пешниҳодшаванда талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба инобат гирифта шуда, ҳангоми такмил додани он  таҷриба ва дастовардҳои қонунгузории кишварҳои пешрафта, аз қабили Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии  Қазоқистон дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ мутобиқ ба талаботи кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.

Аз лоиҳаи Қонуни мазкур муқаррарот дар бораи кормандони агентӣ, ҳуқуқу уҳдадориқои онҳо,  масъалаи гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди “таҳвили назоратшаванда” бинобар мансуб  буданашон ба мавзӯи танзими қонунҳои дигар хориҷ карда шуданд.

Февраль 15, 2021 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Бишкек шуданд
Маҷлиси намояндагон дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ба Қирғизистон сафар намуданд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
1 октябр иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Ҳамкории Парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо густариш меёбад
Мавсума Муинӣ дар Австрия аз нақши калидии ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа ёдовар шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор иштирок намуданд