Ёдгор Файзов: «Муттаҳидии халқи тоҷик нагузошт, ки пандемия моро бо мушкилот рӯбарӯ созад”

Февраль 19, 2021 16:07

ХОРУҒ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи пандемия ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ дар  таъмини ҳифзи саломатии мардум ва дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии онҳо нақши босазо гузоштанд. Муттаҳидию сарҷамъии халқи тоҷик  нагузошт, ки пандемия моро бо мушкилот рӯбарӯ созад. Бори дигар мутмаин гаштам, ки   қувваю тавоноии  мо танҳо дар  муттаҳидию сарҷамъии халқ аст ва  ҳама гуна мушкилотро  мо  дар якҷоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ  бо осонӣ паси сар карда метавонем.

Ин матлабро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Ёдгор Файзов зимни нишасти матбуотии ин мақомот ба хабарнигорон  баён намуд.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки нақшаи даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 107,4 фоиз иҷро гардида, дар пешрафти соҳаи иқтисодиву молиявии вилоят нақши соҳаи  бахши хусусӣ назаррас аст.

-Аз ҷониби мақомоти нозироти андози вилоят айни ҳол теъдоди соҳибкорони инфродӣ  қариб ба 3 ҳазор нафар расидааст ва онҳое, ки аз рӯи шаҳодатнома ба соҳибкорӣ машғуланд, шумораашон ба як ҳазору 100 нафар мерасад. Соли гузашта 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 17,7 млн сомонӣ дар ҳоли  татбиқ аст, мақомоти давлатии ҳокимияти давлатии вилоят кӯшиш мекунад, ки дар баробари ба сомон расондани ин лоиҳаҳо боз барномаи дигари иқтисодиро амалӣ созад, -афзуд номбурда

Ба гуфтаи раиси вилоят, яке аз аз мушкилоти асосии мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят- ин таъмини аҳолӣ бо неруи барқ буд, ки давоми се моҳи фасли зимистон ба қадри лозимӣ сокинони шаҳру вилоят бо неруи барқ таъмин гардиданд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 577 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба як соли пеш 1,7 фоиз зиёд мебошад. Картошкапарварӣ соҳаи муҳими хоҷагии қишлоқи вилоят шумурда мешавад ва аз ин рӯ соли гузашта дар майдони 2086 гектар кишт гузаронида шуда, истеҳсоли он соли гузашта ба зиёда аз 27288 тонна расонида шуд.

Раиси вилоят ба ҳамаи рӯзноманигорони вилоят барои дастгирӣ ва ҳимоят аз барномаҳои давлатӣ дар роҳи пешгирӣ ва ҳифозат аз бемории КОВИД-19 изҳори миннатдорӣ баён карда, гуфт, ки ҳамаи хабарнигорони расонаҳои ҷумҳурӣ дар ин  давра дар хати сурх ҷой гирифтанд ва дар пешгирии ин бемории ҳамагир саҳми арзишманд гузоштанд.

Мавсуф гуфт, ки дар муассисаҳои табобатии вилоят 501 табиб ва зиёда аз 2 ҳазор  нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 82 нафар дар беморхонаи вилоятӣ, 35 нафар дар Маркази саломатии шаҳри Хоруғ, 239 нафар табибон дар муассисаҳои табобатию профилактикии ноҳияҳо адои хизмат менамоянд.

Февраль 19, 2021 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд