Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намоем
ДУШАНБЕ, 03.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Эълон намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» моро водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи олимонро афзун намоем ва иштироки бештари донишҷӯёну омӯзгоронро дар озмуни мазкур таъмин намоем. Ба рушди илму инноватсия аҳамияти махсус дода, бо истифода аз имконият барои донишомӯзиву рушди илм дар Академия шароити муосир фароҳам оварем. Ин нуктаро Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода зимни ҷаласа бахшида ба Паёми Пешвои миллат баён дошт.
Ҷаласаи мазкур бо мақсади шарҳу тавзеҳ додани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад. Таъкид гашт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар паёмҳояшон соҳаи маорифро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода, ба рушди соҳа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Гуфта шуд, ки сол аз сол иқтидори молиявии мамлакат афзуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат кормандону устодони Академия низ бояд содиқонаву софдилона хизмат намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳм гузоранд.
Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм зикр намуданд, ки «вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».
А.Ғафурзода дар партави Паём таваҷҷуҳи ширкаткунандагони ҷаласаро бештар ба масъалаи беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, назорати ҷараёни донишомӯзии донишҷӯёну магистрантон, пурра ба тарзи автоматӣ гузаронидани раванди таълим, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, зоҳир намудани фаъолнокӣ дар нишон додани вокунишҳо ба маводи ғаразноки шабакаҳои иҷтимоӣ, иштироки фаъолона дар семинару конференсияҳои байналмилалӣ, ҳавасмандгардонии кормандони фаъолу пешқадам ва амсоли ин ҷалб намуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад






