Зулфия Давлатзода: Бори аввал Тоҷикистон бо намоиши «Дирафши ковиёнӣ» дар ИМА муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди бемории сироятии коронавирус ҳунармандони театри тоҷик саҳнаҳои ҳунарӣ омода ва тариқи ВАО пешниҳоди тамошобинон намуданд. Инчунин аз 15 то 25 октябри соли 2020 дар иёлати Ню-Ҷерсии ИМА Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ ба иштироки 18 кишвар тариқи онлайн доир гардид, ки дар он бори аввал Тоҷикистонро Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоиши «Дирафши ковиёнӣ»-и А. Фирдавсӣ муаррифӣ намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ба хабарнигорон иброз дошт.
Маврид ба зикр аст, ки намоиши «Дирафши Коваёнӣ»-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали байналмилалии театрҳо миёни чор давлати Осиёи Марказӣ, ки аз 15 то 19 октябр дар Қазоқистон баргузор гардид, Шоҳҷоизаи асосӣ ба даст овард.
Вазири фарҳанг илова намуд, ки айни замон чор барномаи соҳавӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ гардида истодаанд, ки инҳо «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мебошанд.
Мавсуф зикр намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд унсурҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Дар ин робита ба он номинатсияҳои ҷашни «Сада», матоъҳои миллии «Адрасу атлас», «Кашидадӯзӣ», мусиқии «Фалак», сози миллии «Рубоб», ёдгории таърихии «Қалъаи Ҳулбук», маҷмааи меъмории «Кохи Наврӯз», номинатсияи муштараки «Ҳазлҳои Хоҷа Насриддин» барои шомил намудан ба ин феҳрист мавриди корбарӣ қарор доранд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, шинохти таърихи гузаштаву имрӯза, таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ ва ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангро равона намудааст.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






