Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомот тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов Асомуддин аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод гардида, Саодатзода Раҷаб ба ин вазифа таъин гардид.
Дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону дорои қобилияту малакаи роҳбарӣ ба вазифаҳои муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд.
Дар воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Сардорони Раёсатҳо, қисмҳои низомӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби мутахассисони дорои ду ва ё зиёда маълумоти тахассусии муассисаҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.
Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.
Пешвои миллат зимни суҳбат таваҷҷӯҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи ҳамагуна қонуншиканӣ, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯш доштаашон бароянд.
Дар мулоқот инчунин аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






