21 март — Рӯзи байналмилалии Замин. Ҷашн гирифтани он аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад

Март 21, 2021 09:01

ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар аксар давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин таърих   интихоб гардидани таҷлили Рӯзи ҷаҳонии  Замин ба баробар шудани шабу рӯз дар ин рӯз марбут аст. Соли 1971 Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид расман ба ҳамаи кишварҳои аъзои СММ пешниҳод намуд, ки ин рӯзро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Модар-Замин таҷлил намоянд.

Тавре ҳамагон медонанд,  аксар экосистемаҳои табиии сайёраи мо ба таъсири номатлуби инсон ниҳоят ҳассос ва осебпазир мебошанд ва танҳо паст намудани шиддати таъсири антропогенӣ метавонад онҳоро наҷот бахшад.

Ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир карда мешаванд.

Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов мақсад аз эълон доштани Рӯзи байналмилалии Заминро дар ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳолии ҷаҳон  ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи сайёра ҳамчун хонаи умумии ҳар сокини он арзёбӣ намуд.

«Рӯзи ҷаҳонии Замин ба ҷашни аҷдодии мо- Наврӯзи хуҷастапай, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, рост меояд. Рӯзи Замин ва ҷашни байналмилалии Наврӯз заминаҳои воқеии табиӣ доранд. Маълум аст, ки зимни баробар шудани шабу рӯз ва дар бурҷи Ҳамал қарор гирифтани сайёраи Замин дар ҳаёти сайёраи мо ва табиати зиндаи он як марҳила ба итмом расида, марҳилаи нав оғоз меёбад. Ин давра ҳамчун давраи эҳёи табиат арзёбӣ карда мешавад»,-афзуд Абдусаттор Саидов.

Миллати куҳанбунёди мо ҳанӯз 6 ҳазор сол муқаддам мубрам будани масъалаҳои экологиро дар хотираи таърихии худ ҷой намуд ва Наврӯзи оламафрӯз на танҳо ҷашни таърихиву фарҳангист, балки воқеан ҷашни табиист. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки ҷашни Рӯзи Замин ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳам тавъаманд.

Аз нуқтаи назари илми биология ба андешаи Абдусаттор Саидов, дар ин давра ҳама мавҷудоти зиндаи кураи Замин тағйироти куллии биологиро аз сар мегузаронанд. Организмҳое, ки неруи худро вобаста ба вақту замон аз даст додаанд ва қобилияти дар марҳилаи нав ҳаёт ба сар бурдан надоранд, аз байн мераванд. Дар мавҷудоти дигари зинда ҷараёни нави биологӣ пайдо мешавад ва бо неруи тозаи ҳаёт идома меёбад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалист ва таваҷҷуҳи аҳли сокинони сайёраро ба он равона месозад, ки ҳар  нафар  вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро ба наслҳои оянда тозаю озода ба мерос монад. Дар аксар кишварҳои дунё, ки дар нимкураи Шимолӣ ҷойгиранд, ин рӯзро бо ташаббусу иқдомҳои зиёде,  ки ба ҳифзи муҳити зист ва ободу зебо нигоҳ доштани сайёраи Замин равона гардидаанд, ҷашн мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ, Наврӯзи имсола 20 март, соати 14:37 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра  Қоҳирова иттилоъ дод.

Март 21, 2021 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ангури Тоҷикистон ба вилояти Пензаи Русия содирот гардид
То 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон истеҳсол мегардад
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Истеҳсоли ғалладонагӣ 6 маротиба зиёд шудааст
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон 70 корхонаи дорусозӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Шаҳринав оид ба гузаронидани пайванди дарахтони мевадиҳанда ва зиёд намудани тагпайвандҳо машғулият доир шуд
Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа таъсис ёфт
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд