22 МАРТ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Яке аз омилҳои саноатикунонии мамлакат низ маҳз захираҳои ин неъмати бебаҳо мебошанд

Март 22, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 22.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Об ҳамчун унсури муҳими табиат ва муҳаррики иқтисод дар  ноил гардидани Ҳукумати мамлакат ба ҳадафи чаҳоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръат нақши муҳим  хоҳад дошт, зеро фаъолияти ягон ҷараёни технологиро бидуни об тасаввур кардан  ғайри имкон аст. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан АСОЕВ    изҳор дошт.

«Дар ҳоле, ки барои истеҳсоли 1 грамм моддаи органикӣ 100 грамм об сарф карда мешавад, пас метавон қазоват кард, ки имрӯз саноат бе об вуҷуд дошта наметавонад», — афзуд коршиноси соҳа Ҳ. Асоев.

Номбурда изҳор дошт, ки  аз мамлакати аграрӣ — саноатӣ ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ табдил додани  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ  дар назди ҷомеа ду масъалаи муҳимро нисбат ба об мегузорад: аввалан, истифодаи оқилонаи он ва дуввум ба таври маҷмуавӣ истифода бурдани он. «Ин чунин маъно дорад, ки баробари истифодаи об дар корхона, он ҳамзамон бояд тоза карда шуда, ба маҷрои зарурии худ равона гардад», — илова намуд Ҳ. Асоев.

Ба иттилои коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  маҳз бо шарофати эълон намудани ҳадафи чаҳоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии ҷумҳурӣ,  дар мамлакати мо корхонаҳои зиёди саноатӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

«Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳангоми бунёд кардани корхонаҳои саноатӣ истифодабарии манбаъҳои обро ҳангоми истеҳсоли ин ё он маҳсулот дақиқ муайян намуда, баҳри самаранок истифода бурдани он тадбирҳои мушаххас андешем», — изҳор дошт Ҳ. Асоев.

Ба  гуфтаи коршинос, истифодаи мақсадноки об дар саноатикунонии мамлакат пеш  аз ҳама ташаккули сиёсати экологиро тақозо менамояд. Сиёсати экологӣ бошад, дар навбати худ омилҳои мусбат ва манфии раванди истифодаи манбаъҳои об дар саноатикунонии мамлакатро мавриди арзёбӣ қарор дода, вобаста ба натиҷаҳои илмӣ усулҳои бартараф кардани онҳоро нишон медиҳад.

Коршиноси соҳа Ҳ. Асоев ҳамчунин фаъолияти пажӯҳишгоҳҳои махсуси соҳавӣ ва донишгоҳу донишкадаҳоро дар омӯзиши табиати Тоҷикистон, бахусус захираҳои об муҳим арзёбӣ намуда, нақши онҳоро  дар раванди мутобиқнамоии захираҳои об ба  корхонаҳои саноатӣ  назаррас ном бурд.

Маҳз ба василаи фаъолияти мутахассисони ниҳодҳои мазкур дар минтақаҳои алоҳида ва ё корхонаҳои мамлакат имкон пайдо мешавад, ки омӯзиши раванди техникии об  аз лиҳози истифодабарӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, вобаста ба он фикру андешаҳои мушаххас баён гарданд.

«Дар натиҷа далелҳои бадастовардаи коршиносони соҳа бо замони ҳозира муқоиса гардида, дар ҷодаи истифодаи мақсадноки об дар корхонаҳои саноатӣ метавон ба дастовардҳои назаррас ноил  гашт»,- афзуд дар хотимаи суҳбат коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 22, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард