30 март дар Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар пойтахти Тоҷикистон шарҳри Душанбе Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» зери унвони «Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд» баргузор мегардад. Дар назар аст, ки ҳамоиши вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» бо суханони ифтитоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз шавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Конфронс иштирок ва суханронии вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари мададрасон ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ дар назар аст.
Дар остонаи Конфронс 29 март нишасти кормандони аршади «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор мешавад.
Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.
Раванди мазкур аз се рукн иборат аст: машваратҳои сиёсӣ, тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ. «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ҳамчунин заминаҳои муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус мусоидат ба ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро бо амалӣ гардонидани лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, зерсохтор ва энергетикӣ таъмин мекунад.
Мавриди зикр аст, ки «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ташаббуси муштараки Афғонистон ва Туркия буда, Конфронси якуми он дар Истанбул 2 ноябри 2011 барпо шудааст. То имрӯз конфронсҳои вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» дар Истанбул (2011), Кобул (2012), Алмато (2013), Пекин (2014), Исломобод (2015), Амритсар (2016), Боку (2017) баргузор гардидаанд. 9 декабри 2019 дар Истанбул нишасти вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” таҳти унвони “Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ” баргузор гардид ва дар он пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мизбонии Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истамбул» дар Душанбе пазируфта шуд.
Дар назар аст, ки дар поёни Конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардад.
Эзоҳ:
15 кишвари ширкаткунанда — Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Россия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон;
16 кишвари мададрасон — ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Япония, Фаронса, Канада, Австралия, Дания, Миср, Финляндия, Италия, Ироқ, Норвегия, Лаҳистон, Испания, Шветсия;
16 созмони минтақавию байналмилалии мададрасон — Фонди рушди Оғо Хон, Бонки рушди Осиё, Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Ассотсиатсияи ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ, Дафтари СММ оид ба Афғонистон, Барномаи рушди СММ, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, Дафтари минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирона.








Дар Вашингтон бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистон ва ИМА мизи мудаввар баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт нусхаи эътимоднома супорид
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим дар Бангкок муаррифӣ шуданд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА дар бахшҳои сиёсӣ ва илмӣ баррасӣ шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд
Мафалда Дуарте: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим мавқеи пешсаф дорад»
Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд






