Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Ориёна»-ро дар маркази ноҳияи Ёвон мавриди истифода қарор доданд

Март 26, 2021 17:12

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Ориёна»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази ноҳияи Ёвон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”- Акбар Асадулло дар давоми 1,5 сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

Кӯдакистон аз ду бинои 2 ва 3 ошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон — аз ҷумла тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2020 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд анҷом пазируфт. Дар давраи сохтмон беш аз 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Кӯдакистони хусусии “Ориёна” дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, дар он 315 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Айни замон беш аз 10 нафар омӯзгор ва мураббияҳои ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд ва дар оянда шумораи онҳо то 20 нафар расонида хоҳад шуд.

Дар Муассисаи таълимии томактабии “Ориёна” кӯдакон ба 15 гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ҳамчунин дар назди ҳар як синфи машғулият ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст.

Ошхона ба бинои асосии муассиса пайваст буда, он барои хурокхӯрии беш аз 100 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидааст.

4 утоқи корӣ, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, амбор барои нигаҳдории маҳсулот, ҳуҷраи тиббӣ аз шароитҳои дигари кӯдакистон маҳсуб мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз утоқҳои машғулиятҳо ва ҷойи хобу истироҳати кӯдакон дидан намуда, ба масъулони боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Масоҳати умумии кӯдакистон 7 ҳазору 477 метри мураббаъро дар бар гирифта, аз он 1 ҳазору 632 метри мураббаъро биноҳо ташкил менамоянд.

Утоқҳои машғулиятгузаронӣ бо шиору овезаҳои ифодагари муҳаббату самимият нисбат ба Ватан ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки хоси дунёи кӯдакон мебошад.

Дар ин рӯз шодиву нишоти дӯструяконро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Пешвои маҳбуби худ тӯҳфаҳои идона, ки иборат аз ширинӣ ва бозичаҳои гуногун буд, гирифтанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистонҳои нав сохта мавриди истифода қарор дода шаванд. Дар ин муассисаи томактабӣ зиёда аз 40 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.

Ба андешаи сокинон қаблан дар ноҳияи Ёвон кӯдакистоне бо чунин шаҳомат, зебоӣ ва дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мавҷуд набуд ва ҳамакнун бо дастгирии Сарвари давлат ва саҳми соҳибкори ватанӣ орзӯи деринаи кӯдакони ин гушаи диёр амалӣ гардид.

Маҳз, фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон фароҳам овард, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расанд.

Дар саҳни Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна” 4 айвонча, як фаввора, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад, ки барои солимии кӯдакон ва гузаронидани машғулиятҳо мусоид аст.

Ҳамзамон саҳни кӯдакистонро 275 бех дарахтони сояафкану ороишии нодир, меадиҳанда, гулу буттаҳои рангоранг ва сабзазор зеб медиҳад.

18 адад чароғаки равшанидиҳанда ва роҳравҳои асфалту сафолакпӯш аз корҳои дигари ободонӣ дар муассисаи томактабии мазкур ба шумор мераванд.

Инчунин барои бозӣ ва дилхушии дӯстрӯякон таҷҳизоти наву замонавӣ насб гардидааст, ки самаранок истифода бурда мешаванд.

Бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна” ба талаботҳои санитарӣ — гигиенӣ ва қоидаҳои пешгирӣ аз сухтор ҷавобгӯ мебошад.

Ҳангоми шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, барои машғулияти онҳо ҳамаи 15 синфхона бо муосиртарин асбобу аёният муҷаҳҳазонида шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки айни замон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо беш аз 1 ҳазору 200 нафар кӯдакон тарбия мегиранд.

Сокинони ноҳия ва омӯзгорон кӯдакистони мазкурро беҳтарин туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз чунин шароити мавҷуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳм гузоштан дар ободии мамлакат тарбия менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо саҳми гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» дар ноҳияи Ёвон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 барои 1240 хонанда дар ду баст, Коллеҷи техникӣ — фарматсевтӣ барои 2 ҳазору 800 нафар донишҷӯ, Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 150 нафар кӯдак сохта шуда, инчунин таҷдиду навсозии роҳҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон ва пайвастшавии шоҳроҳи “Ёвон — Ваҳдат — Абдураҳмони Ҷомӣ” дар масоҳати беш аз 6 километр анҷом ёфтааст.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна” дар маркази ноҳияи Ёвон 26.03.2021

Март 26, 2021 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд