Президени мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд

Март 25, 2021 10:41

ДУШАНБЕ, 25.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчунин аз фаъолияти гармхонаи навтаъсиси Хоҷагии тиҷоратии ба номи “Сафар Ҷумъаев” дидан карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои васлу насб ва ташкили гармхона соли 2020 оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст. Иншоот дар майдони 30 садяк замин доман густурда, аз 3 гармхона иборат мебошад.

Гармхонаи мазкур дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат ташкил гардида, дар он анвои гуногуни зироат парвариш карда мешавад. Айни замон дар гармхона нигоҳубин ва парвариши помидору бодиринг ва қаламфури булғорӣ бо риояи талаботу қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, нашъунамои хуб доранд.

Дар гармхонаи доимоамалкунанда парвариши сабзавоту тухмиҳо тариқи органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ ҷараён гирифта, 20 нафар барои нигоҳубини доимии онҳо ҷалб гардидаанд. Ба иттилои мутахассисон, марҳилаи пурра пухта расидани маҳсулот аз 36 то 45 рӯзро ташкил медиҳад. Бо истифода аз чунин имконот ва қоидаҳои муосири агротехникӣ, дар назар аст, ки аз ҳар як гармхона дар як сол бештар аз 50 тонна маҳсулот рӯёнида шавад.

Мавриди қайд аст, ки Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев аз соли 1961 инҷониб фаъолият дошта, калонтарин хоҷагӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳисоб меравад ва самти фаъолияти он ба чорводорӣ, тухмипарварӣ, боғдорӣ ва зироаткорӣ равона гардидааст.

Дар тавозуни хоҷагии мазкур 1974 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, ҳар сол дар 1200 гектари он пахта, 150 гектар боғ, 245 гектар зироатҳои хӯроки чорво, 200 гектар ғалладонагиҳо, 26 гектар картошка ва дар 40 гектар полезӣ кишт карда мешавад ва ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меояд.

Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев ҳамчун хоҷагии тиҷоратӣ, дар баробари он, ки дар таъмини бозори дохила бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб дорад, ҳамзамон маҳсулоти он, аз қабили меваю сабзавот ба хориҷа низ содирот карда мешавад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагӣ чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт низ натиҷаҳо назаррасанд. Зотпарварони хоҷагӣ дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ ҳиссаи муносиб дошта, ҳамасола то 25 тонна гӯшт ва 30 тонна шир истеҳсол менамоянд.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти гармхона ва Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев, Пешвои муаззами миллат ба деҳқонон барои дастгирии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, масъулинро ҷиҳати боз ҳам зиёд кардани майдони заминҳои корами обӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида вазифадор намуданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва техникаю таҷҳизоти кории кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуданд.

Тавре иттиллоъ дода шуд, танҳо дар ду моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин ноҳия 19 миллиону 114,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин кишоварзони ноҳия дар ин давра дар майдони 3273 гектар кишти зироатҳои гуногун гузарониданд, ки нисбат ба моҳҳои аввали соли 2020 480 гектар зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти деҳқонӣ ва техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, ба заҳматкашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати дастгирии ҳамешагии муроҷиатномаи Президенти кишвар оид ба истифодаи оқилонаи замин, изҳори сипос карда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳа ва ташкили гармхонаҳои наву муосири доимоамалкунанда дастуру супоришҳо доданд.

Дар навбати худ деҳқонони ноҳия ваъда доданд, ки таъкидҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро мегузоранд.

Боздид аз гармхонаи Хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 25.03.2021

Март 25, 2021 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон