ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Ёвон то 30-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 10 км роҳҳои асосии шаҳракро мумфарш мекунанд

Март 20, 2021 09:29

ЁВОН, 20.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони ноҳияи Ёвон Акбар Асадулло  ва Баҳриддин Ҷурахонов тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 10 км роҳҳои асосии шаҳраки Ёвонро мумфарш намоянд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, бахшида ба  ҷашни миллӣ  ва Наврӯзи Аҷам дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон мебошад.

Шурӯъ аз 16 март  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми соҳибкор Акбар Асадулло мумфаршкунии роҳи кӯчаи Меҳвари маркази ноҳияи Ёвон оғоз гардид. Чанде пештар бо саҳми соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов роҳҳои кӯчаи Кароматулло Қурбонов ва як қисмати кӯчаи Мирзо Турсунзода аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Масъулини шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон мегӯянд, ки хушбахтона, имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳия тавассути ҳашарҳои умумӣ дар ҳар кӯчаву маҳалла даст ба корҳои созандагӣ зада, дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд.

Март 20, 2021 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад