ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Сокини ноҳияи Ашт аз ҳисоби маблағҳои сафари ҳаҷ пули одамгузар месозад

Март 4, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҷониби модари меҳрубон, собиқадори меҳнат Ҳумминисо Саидалиева бо маблағҳои барои сафари Ҳаҷ ҷамъоварӣ намудааш пули одамгузар сохта мешавад.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иттилоъ медиҳад.

Сокинони деҳаи Ғудоси Ҷамоати деҳоти Ошоба солҳост, ки аз надоштани пули одамгузар ба деҳаҳои дигар танқисӣ мекашиданд. Ҳоло бо ибтикори ин модари меҳрубон соҳиби гузаргоҳи асосӣ мешаванд.

Ҳамчунин дар ноҳияи Ашт аз ҷониби бародарони соҳибкор Манучеҳр ва Достон Дадобоевҳо ба маблағи зиёда аз 276 ҳазор сомонӣ сохтмони толори варзишӣ ҷараён дорад, ки  дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода мешавад.
Дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ноҳияи Ашт корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта,  мактаб то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат ба истифода дода мешавад.

Март 4, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд