Абдуқаҳҳори Қосим соҳиби Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва «Антуан де Сент-Экзюпери» гардид

Март 11, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Иттиҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ, шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ  Абдуқаҳҳори Қосим миёни адибон, тарҷумонҳо, олимон ва рассомони маъруф барои фаъолияти барҷастаи эҷодӣ барандаи Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва «Антуан де Сент-Экзюпери» (Франсия-Германия) дар соли 2021 гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муассисони ин ҷоиза Академияи байналмилалии адабӣ ва бадеии Украина буда, аз соли 2018  инҷониб нависандагон, тарҷумонҳо ва олимони 60 кишвари дунёро муттаҳид месозад.

Имсол бо ин ҷоизаҳои ифтихорӣ Абдуқаҳҳори Қосим (Тоҷикистон), Сантош Кумар Похарел (Непал), Сабита Сатапати (Ҳиндустон), нависанда, ношир Борис Кригер (Канада), рассом Натали Хо (Франсия) Алфазия Нурраҳмӣ (Индонезия), Абделваҳаб Аззавӣ (Сурия, Германия), адабиётшинос Ал-Хузаа Умар (Ироқ), дабири кулли Ассотсиатсияи нависандагони Ҳиндустон, муаллифи зиёда аз 150 китоб Ашис Санял (Ҳиндустон) барои корҳои барҷастаи эҷодӣ сарфароз гардонида шуданд.

Март 11, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад