Адиби тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби Ҷумҳурии Эквадор бо дипломи «Ситораи тилло» сарфароз гардонида шуд

Март 27, 2021 09:50

ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сармуҳаррири нашрияи «Ҳидоят», ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби маъмури доираи сафирони сулҳ, шоир ва нависанда Эдвин Антонио Гаон Салинас аз Ҷумҳурии Эквадор барои саҳми арзанда дар таҳким бахшидани сулҳ дар дунё тавассути шеър бо дипломи «Ситораи тилло» сарфароз гардонида шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дипломи мазкур бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии шеър, ки ҳамасола 21 март таҷлил мегардад, аз ҷониби ташкилоти адабию фарҳангии кишварҳои Қирғизистон, Эквадор, Африка ва Сурия барои хизматҳои Абдуқаҳҳори Қосим дар таҳким бахшидани дӯстии халқҳо ва сулҳ тавассути шеър дода шуд.

Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчунин  аз ҷониби Президенти Форуми байналмилалии эҷодиёт ва инсонпарварии Марокаш, Сафири фарҳанги сулҳ Азиз Мунтассир ва Сафири фарҳанги Мексика, директори шабакаи арабӣ дар Марокаш ва мушовири фарҳанги Форуми фарҳангии Миср ва Лубнон Марлен Пасинӣ бо сертификат ва аз ҷониби Сафири байналхалқии форуми байналмилалии сулҳ ва ҳуқуқҳои инсон Ловелин П Ейо ва Президенти академияи Эхо Сурия ва Федератсияи фарҳанги Димишқ-Сурия, нависанда ва ҳомии ҳуқуқ Гада Бадран бо шаҳодатномаи миннатдорӣ қадрдонӣ  гардид.

Дар яке аз табрикот чунин омадааст: «Академияи фарҳанги муҳаббат ва сулҳ Эхо-и Димишқи Сурия барои фаъолияти пайгирона дар ғанӣ гардонидани фазои адабию фарҳангӣ ва баланд бардоштани парчами муҳаббат ва сулҳ изҳори сипос намуда, шуморо бо шаҳодатномаи миннатдорӣ ва эҳтиром қадрдонӣ менамояд».

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, франсузӣ, немисӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар нашрияҳои Россия, Америка, Непал, Чин, Руминия, Полша, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидаанд.

Март 27, 2021 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад