«ҲАФТРАНГ». Таҳти ин ном дар арафаи Наврӯз китоби нави Нозир Ёдгорӣ аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 16.03.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз китоби нави нависанда, шоир ва публисисти шинохтаи тоҷик Нозир Ёдгорӣ таҳти унвони «Ҳафтранг» аз чоп баромад.
Маҷмӯаи нави адиб, ки тавассути нашриёти «Балоғат» ба нашр расидааст, асосан аз рубоиву дубайтиҳо иборат аст. Беваҷҳ нест, ки китобро муаллифи он дар яке аз намунаҳои шеъри ин маҷмӯа «китоби Илми кашмири дубайтӣ» ва «дуои ошиқи пири дубайтӣ» номидааст.
Китоби ман тумор аст аз дубайтӣ,
Навиди навбаҳор аст аз дубайтӣ.
Дар он рози дили бикшодаи ман,
Барои гулнигор аст аз дубайтӣ.
Дарунаш тафсири афтодани ман,
Ба пеши пои ёр аст, аз дубайтӣ.
Ба мақсад мерасонад ошиқонро,
Суруди «Ёр-ёр» аст аз дубайтӣ.
Китоби ман тумор аст аз дубайтӣ,
Давои меҳрбор аст аз дубайтӣ.
…Китоби Илми кашмири дубайтӣ,
Дуои ошиқи пири дубайтӣ.
***
Навиштам ман шаҳодатномаи ишқ,
Даруни ҳар дубайтӣ номаи ишқ.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






