Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ оид ба хусусияти мероси Имом Бухорӣ дар Ӯзбекистон иштирок менамояд

Март 10, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 март ҳайати намояндагони Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони  «Хусусияти мероси  Имом Бухорӣ ва аҳамияти имрӯзаи танвирии он» бо даъвати расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар менамояд. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дод. 

Бино ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистон иборат аз 7 нафар  буда, ба он Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ шомил аст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2010 шаҳри Душанбе аз ҷониби  Созмони фарҳанг ва маорифи исломӣ (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид ва дар он 12 марти соли 2010 ба муносибати 1200-солагии зодрӯзи Имом Бухорӣ зери унвони «Имом Бухорӣ ва илми ҳадис» ҳамоиш баргузор шуда буд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 10, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд