Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ҳамгироии системаҳои миллии тандурустии электронӣ дар қолаби видеоӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ҳамгироии системаҳои миллии тандурустии электронӣ, ки бо қарори Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Беларус таъсис дода шудааст, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Беларус ширкат варзиданд.
Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар қолаби видеоӣ доир гардид.
Намояндаи Котибот дар Кумитаи иҷроияи ИДМ Игор Боровко (дар Минск), котиби Комиссияи доимии АП Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон Евгения Владимирова ва котиби масъули Шӯрои коршиносони АП ИДМ ва Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи коммуникатсия Александр Суригин аз Котиботи Шӯрои АП ИДМ дар ин ҳамоиш ширкат варзиданд.
Евгения Владимирова ба иштирокчиёни маҷлис дар бораи кори комиссия оид ба қонуни намунавӣ «Дар бораи ҳифзи саломатии рақамӣ» маълумот дод. «Тавре ки муҳокима дар ҷаласа нишон дод, чунин қонуни намунавӣ зарур аст»,- гуфт вай ва аъзои гурӯҳро ба кор дар қонуни намунавӣ ҳамчун коршиносон даъват намуд. Пешниҳод пазируфта шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин вазифаи гурӯҳи кориро оид ба омода намудани «харитаи роҳ» барои ҳамгироии системаҳои миллии тандурустии электронии кишварҳои узви ИДМ эътироф карданд. Дар айни замон, ҳамгироӣ бидуни равишҳо ва қолабҳои ягонаи ҳамкории электронӣ ғайриимкон аст, ки ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маълумотномаро дар назар дорад. Чунин маълумоти меъёрӣ ва истинодӣ, ба ақидаи коршиносон, бояд асоси фазои ягонаи иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ гардад.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






