Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор шуд

Март 11, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 11.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа вакилон Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак», марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020 «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни баррасии Созишномаи мазкур Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили мардумӣ Ғиёсиддин Маҳмуродзода иброз намуданд, ки санади мазкур моҳи декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Ҳадафи лоиҳа барқарор ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолии 6 гидроагрегати НБО-и  «Норак» ва баланд бардоштани самаранокии онҳо мебошад.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки  НБО-и «Норак» солҳои 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, айни замон таҷҳизоти он кӯҳнаву фарсуда гашта, ниёз ба таҷдид дорад. Дар робита ба ин, бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирии «Tractebel Engineering S.A.» солҳои 2015-2016 Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак»  ва таъмини бехатарии садди он омода карда шудааст.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз 3 қисм – иваз намудани 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500 кВ) ва таъмини бехатарии  садд иборат буда, муҳлати татбиқи он давоми 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.

То имрӯз барои маблағгузории марҳилаи якуми лоиҳа   326,9 млн. доллари амрикоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн. доллар қарз ва 57,8 млн. доллараш гранти Бонки ҷаҳонӣ буда, 60,0 млн. доллар қарзи Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ва 40,0 млн. доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани  трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 т. ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасонро дар бар гирифта, давоми 5 сол (солҳои 2024-2028) бо арзиши 148,6 млн. доллар татбиқ хоҳад гардид.

Март 11, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд