Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд

Март 3, 2021 13:01

ДУШАНБЕ, 03.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо ва созишномаҳоро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе, Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика», Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика“, Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё оид ба Лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»,  Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз 26 майи соли 1995, Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода,  вакили мардумӣ Раҷабзода Равшан ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ  ва  техникии  мақомоти  адлияро муайян менамояд.

Дар лоиҳаи номбурда мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дониста шудааст, ки дар доираи ваколатҳои худ таъмини сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, амалӣ менамояд.

Масъалаҳои дигари рӯзномаро ба вакилони мардумӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода, вакилони мардумӣ  Неъматулло Холбойзода, Музаффарҷон Маҳмудзода,  Бахтиёр Аҳмадзода,  Насиба Содиқӣ, Фозил Обидзода, Саодатшо Матробиён ва  Зайниддин Сафаров  шарҳ доданд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Март 3, 2021 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин