АЛЕКСЕЙ КУДРИН РАМЗИ РАЁСАТРО БА ҚАРАХОН ЧИЛЛАЗОДА СУПОРИД. Дар Душанбе ҷаласаи XIX Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои узви ИДМ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 март дар Душанбе ҷаласаи XIX Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои узви ИДМ (минбаъд — Шӯро) дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа ҳайатҳои мақомоти олии назоратии молиявии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.
Дар оғози ҷаласа интиқоли тантанавии рамзи Раиси Шӯро барои давраи оянда аз Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия Алексей Кудрин ба Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода сурат гирифт.
Директори Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ М.Е. Мискин ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин дар бораи ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ дар соҳаи молия ва иқтисод, ки мақомоти олии ИДМ ба наздикӣ қабул карданд, маълумот дод. Ӯ тазаккур дод, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати давлатии молиявӣ дар фазои Иттиҳод имкон медиҳад, ки таҷрибаи андӯхта самаранок истифода шавад, аз тадбирҳои андешидаи Шӯро натиҷаи назаррас ба даст ояд ва механизмҳои ҳамкории байни мақомоти олии назорати давлатӣ ва аудити кишварҳои узви ИДМ такмил дода шавад.
Қисми мавзӯии ҷаласа ба нақши мақомоти олии аудит дар расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар шароити пандемияи COVID-19 бахшида шуд. Аъзои Шӯро дар бораи натиҷаҳои фаъолияти кишварҳои узви ИДМ дар ин самт маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
Дар ҷаласа ҳисобот дар бораи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявӣ (аудит) ва Котиботи Шӯро оид ба корҳои анҷомдодашуда дар давраи гузашта шунида шуданд. Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои узви ИДМ пазируфта шавад.
Аз рӯи натиҷаҳои муҳокимаҳо ва мубоҳисаҳо қарорҳои дахлдор ва Қарори ҷаласаи XIX Шӯро қабул карда шуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаи кории Шӯро дар давраи байни ҷаласаҳои XIX ва XX тасдиқ гардид.
Ҷаласаи ХХ Шӯро дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.
АКС: скриншот аз ҷаласаи XIX Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии кишварҳои узви ИДМ.








Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд






