АМИТ «Ховар» муҳлати озмун барои дарёфти хабарнигорон, муҳаррирон ва тарҷумонҳоро то 20 март тамдид намуд

Март 5, 2021 09:39

ДУШАНБЕ, 05.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» озмун барои дарёфти хабарнигорони бомаҳорат, муҳаррирони бахши русӣ, тарҷумонҳои бахши русӣ-тоҷикиро то 20 марти соли 2021 тамдид намуд.

Дар озмун ҷавонписарону духтарони аз 20 то 50-сола, ки дорои маълумоти олӣ мебошанд, иштирок карда метавонанд.

Озмун тариқи суҳбат гузаронида мешавад.

Барои иштирок дар Озмун малакаи навиштани маводҳо дар жанрҳои иттилоотию таҳлилӣ (хабар, гузориш, мусоҳиба, мақола) маҳорати кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ, донистани забони давлатӣ ҳатмист. Ба донандагони забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад.

Довталабон бояд ба Комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

  • Ариза
  • Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо.
  • Шарҳи ҳол
  • 3 дона расми 3х4
  • Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилот
  • Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
  • Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038)
  • Нусхаи шиноснома
  • Нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (Рақами мушаххаси андозсупоранда, РМА)

Суроға: ш. Душанбе, кўчаи Саъдии Шерозӣ 16, АМИТ «Ховар»

Телефон барои маълумот: 238-55-79, 223-23-83

Қабули ҳуҷҷатҳо то 20 марти соли 2021

Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталабоне, ки барои суҳбат иҷозат дода нашудаанд ё аз озмун нагузаштаанд, дар асоси муроҷиати довталаб бо гирифтани забонхат баргардонида мешаванд.

Март 5, 2021 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд