«МАТБУОТ ВА ҶОМЕАИ МУОСИР». Таҳти ин унвон рӯзномаи «Ҷумҳурият» мизи гирд доир кард

Март 10, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чанд соли охир шабакаҳои иҷтимоӣ, иттилоотӣ хеле фаъол гардидаанд. Ин тақозои замон аст ва мо низ дар ин самт корҳои хуб ва созанда оғоз намудем. Ин матлабро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суҳбат дар  атрофи “мизи гирд”, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» 3 март, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик, таҳти унвони «Матбуот ва ҷомеаи муосир» баргузор намуд, баён кард.

«Бисёр зиёиёну рӯзноманигорони фаъоли мо чун блогерони алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро доранд, ки дар баробари дастовардҳо аз камбудиҳои ҷомеаи имрӯза ошкоро мегӯянд. Онҳо масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёре аз суханрониҳояшон мафҳуми «зиракии сиёсӣ»-ро истифода мебаранд. Ҳамеша таъкид мекунанд, ки аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон, бояд, ки зиракии сиёсӣ дошта бошанд», — зикр намуд академик Раҳмонзода дар ҳамоиш..

Тавре рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар медиҳад, дар сӯхбати  “мизи гирд”   инчунин директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ ва як зумра мухбирони рӯзнома  ширкат намуданд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода дар идомаи суҳбат дар ин нишаст зикр намуд, ки воқеаҳои солҳои охир, аз ҷумла хуруҷи бемории COVID -19, ки ба  Тоҷикистон низ таъсир  расонд, дар ВАО як навъ  ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд овард. Хусусан, ғарбиён ба Тоҷикистон санги маломат мезаданд. Мегуфтанд, ки Тоҷикистон  барои пешгирии беморӣ омодагӣ нагирифт, бештар ба чорабиниҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ намуд. Дар ҳоле, ки аз рӯзҳои нахустини пайдоиши беморӣ Пешвои миллатамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои кориашон ба ноҳияҳо бо мардум оид ба беморӣ ва пайомади бади он суҳбат мекарданд. Аз шаҳрвандон даъват менамуданд, то қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд. Бо роҳбарии Пешвои миллат барои пешгирии COVID-19 ситоди ҷумҳуриявӣ  таъсис ёфт ва барои ҳалли мушкил  тадбирҳои судманд андешида шуданд. Ба ин хотир, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» тағйирот ворид карда шуд. Барои хариди маводи дору ва дигар корҳои беҳдоштӣ аз ҳисоби буҷет маблағи зиёд ҷудо гардид.

“Аммо, мутаассифона, боз ҳам мебинем, ки,  хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбат ба Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат назари манфӣ доранд. Вале  зиёиёни миллат, рӯзноманигорон, он тавре ки зарур аст, дар ин ҳолатҳо  фаъол нестанд.  Солҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам шабакаҳои телевизионии бурунмарзӣ зидди  Тоҷикистон барномаҳои гуногун омодаву пахш мешаванд. Албатта, онҳо манбаи маблағгузорӣ доранд ва барои ин маблағҳои ҳангуфт ҷудо мегардад, аммо журналистони мо дар ҷавоб хомӯшанд. Вақти он расидааст, ки ҳамаи расонаҳои кишвар дар ин ҳолат муттаҳид бошанд. Танҳо дар ин сурат метавон зидди чунин ҷангҳои иттилоотӣ мубориза бурд. Дар ин ҳолат бояд, ки аз номи худ ҷавоб гӯем, то рақибонамон нагӯянд, ки ин ҳамаро «фермаи ҷавоб» омода сохтааст»,- таъкид намуд Абдуҷаббор Раҳмонзода .

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамчунин изҳор дошт, ки «заҳматҳоеро, ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири зиндагии босаодати мардум ва ояндаи дурахшони мамлакат намуданд, нодида гирифтан аз рӯи инсоф нест. Корҳои созандае, ки дар ҷумҳурӣ анҷом ёфтанд, ҳадафҳои стратегие, ки амалӣ гардиданд, аз ҷониби журналистон бояд воқеъбинона инъикос шаванд.  Ҳукумати кишвар инкор накардааст, ки дар ҷомеа камбудӣ нест. Мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ зиёданд. Норасоии ҷойҳои кориро Пешвои миллат дар паёмҳои ҳарсолаашон таъкид месозанд ва барои ҳалли мушкил пайваста дастуру супориш медиҳанд. Ҳамаи ин дар доираи стратегияи миллии рушд, ки Ҳукумати кишвар барои то соли 2030 қабул намудааст, давра ба давра бартараф хоҳад гашт».

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  зикр кард, ки “иттилоъ силоҳ барои ду ниҳоди асосӣ аст. Якум, барои хабарнигорон ва дуюм, барои онҳое, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ машғули ҷанги иттилоотӣ ҳастанд.

«Барои онҳое, ки машғул ба ҷангҳои иттилоотӣ ҳастанд, иттилоот ҳамчун восита барои расидан ба мақсадҳои дигар хизмат мекунад. Дар ҷангҳои иттилоотӣ аз тамоми воситаҳо истифода шуда, ба ягон меъёри ҳуқуқию ахлоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намегардад. Барои ҷангҳои иттилоотӣ чунин воситаҳо муҳиманд:

1) инкори ҳар гуна иттилои мусбат, худдорӣ аз расондани иттилооте, ки барои мардум муфид аст;

2) тамаркуз додани таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба ҳодисаҳои камаҳамият;

3) ҳарчи бештар додани иттилооти манфӣ, зеро одамон ба он нисбат ба иттилооти мусбат бештар таваҷҷуҳ доранд;

4) такя ба таҳқиқоти сотсиологию маркетингие, ки нодуруст ё ба таври ғаразнок гузаронда шудаанд;

5) танқиди бардурӯғу беасоси амалҳои мансабдорон ва ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра», -афзуд Хуршед Зиёӣ.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода  дар суҳбати мазкур чунин изҳор дошт: “Набояд фаромӯш сохт, ки талаботи аудитория дигар шудааст, чун мардуми мо имрӯз тавассути моҳвора ба даҳҳо ва садҳо шабакаҳо дастрасӣ доранд. Суоле ба миён меояд, ки мо дар баробари онҳо чӣ гуна мавод бароварда метавонем, то аудиторияи худро дошта бошем ва доираи хонандаву тамошобини худро васеътар созем. Дар мавриди сифати барнома, дар мавриди пешниҳоди матолиб, инъикоси дастовардҳои давлату Ҳукумат ва ҳадафҳои стратегии кишвар, назири баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва, ҳамзамон, ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати кишвар ба сифат такя намоем. Барои ин зарур аст, ки  бештар маводи ҷолибу муҳими бо назари мусбат эҷод намуда, ҳамаи ин холигоҳро пур созем. То ин ки ҷойи холӣ барои беруниҳо намонад».

Зинатуллоҳ Исмоилзода  ҳамчунин зикр кард, ки шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, пеш аз ҳама, масъалаи асосӣ — рақобатпазир будан дар баробари дигар воситаҳое, ки имрӯз дар дунё ҳастанд, масъалаи рақами аввал мебошад.

«Зеро имрӯз мову шумо дарк месозем, ки интернет ҳамчун дастоварди инсоният як хазинаи бузурги иттилоот мебошад. Дар ин хазинаи бузург имрӯз бештар аз 5 миллион террабайт иттилоъ маҳфуз аст. Ва ҳамарӯза мардум аз як почтаи электронӣ ба почтаи дигари электронӣ беш аз 247 миллиард паём мефиристанд. Дар баробари ин, дар Фейсбук 2,4 миллиард одам сокин гардидааст. Ва, агар Фейсбукро мо ҳамчун як давлат ҳисоб кунем, аз нигоҳи аҳолӣ метавонад сеюмин кишвари бузургтарини дунё бошад. Ва он, ки дар ин хазинаи бузург чӣ иттилоот пешгом мешавад, пеш аз ҳама, аз он вобастааст, ки мо то кадом андоза ин хазинаи иттилоотро бо иттилооте, ки баёнгари воқеияти кишварамон аст, пурра месозем. Чунки агар холигоҳ ба вуҷуд ояд, он холигоҳ бо матлабе, бо маводе пур карда мешавад, ки он хос ба як нафар аст ё хос ба манфиати як гурӯҳ мебошад ё аксаран ба манфиатҳои миллӣ созгор нест»,-тавзеҳ дод номбурда.

Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ низ андешаҳояшро дар мавзӯи мавриди назар баён намуда, аз ҷумла гуфт, ки “дар ин замина мо – омӯзгоронро зарур аст, ки, пеш аз ҳама, салоҳияти илмиву эҷодӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва қобилияти техникии худро такмил диҳем, аз ҳолат ва вазъи ВАО, кишвар ва ҷаҳон пайваста воқиф бошем, дар раванди таълими касбӣ аз донишу иттилооти назариву амалӣ моҳирона истифода намоем, шарҳу тавзеҳи мавзӯъҳоро дар иртибот ба хусусиятҳои расонаҳои гуногун ва талаботи замони муосир ба роҳ монем. Дар ин маврид, ҳамчунин, ҷалби коршиносони сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар раванди омодагии касбии рӯзноманигорони оянда аз аҳамият холӣ нахоҳад буд».

Дар «мизи гирд» ҳамчунин гуфта шуд, ки ҷаҳони муосир ба як ҷомеаи бузурги иттилоотӣ мубаддал гардидааст. Маҳз бо ҳамин сабаб, мо бояд имрӯз ба иттилоъ ва тарзи пешниҳоди он таваҷҷуҳи хосса дошта бошем. Ин нукта ниёз ба исбот надорад, ки дар давраи комилан нав тарзу усули кори воситаҳои ахбори омма тағйир ёфт.

Таъкид гардид, ки махсусан, имрӯз, дар замоне, ки ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, ин силоҳи маърифативу идеологиро ҳам ба маънии мусбаташ ва ҳам ба маънии манфиаш гурӯҳҳову ҳаракатҳои муайян ба манфиати худ истифода мебаранд. Имрӯз воситаҳои ахбори муғризона тариқи шабакаҳои интернетӣ ба ҳар хонадон имкони ворид шудан доранд ва ба  рӯҳияву андешаҳои мардум таъсиргузорӣ мекунанд. Вазифаи мо аст, ки ба ин навиштаҳо, тарғибҳои муғризона сари вақт посухҳои дурусту саҳеҳ ва ошкоркунандаро бидиҳем. Яъне, фаъолият дар соҳа беҳтар бояд гардад ва барои самараи неки он дурномае дошта бошему дар амал татбиқаш созем.

Март 10, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад