Аз Беларус ба Тоҷикистон зиёда аз 1000 тонна тухмии картошкаи хушсифат ворид мегардад
ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон ба ҷумҳурӣ воридоти зиёда аз 1000 тонна тухмии картошкаи хушсифат аз Ҷумҳурии Беларус ва беш аз 200 тонна тухмии ғалладона аз Федератсияи Россия дар назар дошта шудааст.
Тавре сардори Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахон Азизов ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ҷиҳати рушди соҳаи картошкапарварӣ дар мамлакат соли гузашта аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон 526 тонна тухмии картошка, навъҳои хушсифати «Московский 56», «Московский 39» ва «Мироновский 808» ворид гардид. Аз ин 350 тонна ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва боқимондааш ба дигар минтақаҳои мамлакат тақсим карда шуд».
«Ҳамчунин, соли 2020 аз ҳисоби ташкилотҳои шарики рушд 135,5 тонна тухмии картошкаи навъи «Пикасо» гурӯҳи якум аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷумҳурӣ ворид гардида, аз он 77,5 тонна ба ноҳияи Рашт ва зиёда аз 50 тонна ба шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат интиқол ёфт»,-афзуд номбурда.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои як сол озод намудани кишоварзон аз андози ягона, имрӯзҳо аксари хоҷагиҳои пешқадами мамлакат якҷо бо соҳибкорони ватанӣ тухмиҳои навъи покистонӣ ва ҳолландиро аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид месозанд. Ҳамзамон, аз маҷмӯи тухмиҳои воридшуда, як қисми муайяни он бо мақсади озмудани қобилияти сабзиш ва устувории он ба иқлим ба Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҷудо гардид.
Тибқи иттилои масъулин, Вазорати кишоварзии мамлакат нақша дорад, ки соли равон майдони кишти картошкаро ба беш аз 70 ҳазор гектар расонад. Аз ин шумора 58 ҳазор гектар кишти асосӣ, 8 ҳазор гектар кишти барвақтӣ буда, дар 6,5 гектар кишти такрории картошка гузаронида мешавад, ки дар маҷмӯъ беш аз 72 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна, агар аз ҳар гектар 20-тоннагӣ картошка ҷамъоварӣ гардад, дар умум 1 млн 400 ҳазор тонна картошкаро ташкил медиҳад. Майдони кишт аз ҳисоби заминҳое, ки дар онҳо ғалладонагиҳо, хӯроки чорво кишт карда мешаванд, васеъ карда мешавад. Зеро ин намуд маҳсулотро дар кишти такрорӣ низ парвариш намудан мумкин аст.
Масъулин ҳамчунин иброз доштанд, ки аз ҳисоби зиёд намудани ҳосилнокии зироати картошка бозори истеъмолиро таъмин намуда, инчунин метавонанд то 300 ҳазор тоннаро ба минтақа содирот намоянд.








Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид






