Ба шарафи ҷашни Наврӯз кормандони фаъоли Беморхонаи шаҳрии Бӯстон қадрдонӣ шуданд

Март 19, 2021 08:47

ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 18 март дар фазои идона ба як гурӯҳ табибони  фаъоли шуъбаҳои  Беморхонаи шаҳри Бӯстон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Дар  ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода кулли табибон, ҳамшираҳои шафқат ва иштирокдоронро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай таҳният гуфта, аз гиромидошти беҳтарин анъанаву суннатҳои ниёгон ёдовар шуд.

Номбурда аз хусусияти хоси Наврӯз, ки бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳи ҷаҳонӣ касб намудааст, ёдовар шуд.

Ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Назира Ғаффорӣ низ кулли табибони шаҳри Бӯстонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай таҳният гуфта, барояшон муваффақияти пайваста орзу намуд.

Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанг ва табибону ҳамшираҳои шафқат барномаи рангини фарҳангӣ, қироати шеъру суруд ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ пешкаши иштирокдорон карда шуд.

Март 19, 2021 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст