Ба шарафи Наврӯз дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ мусобиқаҳои зеҳнӣ-ҳарбӣ ва варзишӣ доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни Наврӯзи Аҷам ва бо мақсади тарғиби анъанаҳои миллӣ, тақвият додани қобилияти варзишӣ, тарбияи худшиносӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ аз 16 то 20 март дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ мусобиқаҳои зеҳнӣ-ҳарбӣ ва варзишӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо афсарону сарбозони ҷузъу томҳо қувваозмоӣ мекунанд.
Тавре аз шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сабқатҳои зеҳнӣ — ҳарбӣ ба таври саволу ҷавоб, суҳбату вохӯриҳо аз таърихи Наврӯз, расму оини ниёгон, эҳёи анъанаҳои миллӣ дар замони истиқлол ва мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футбол, волейбол, турниккашӣ, вазнбардорӣ, давидан ба масофаи 100м, 3000м, гӯштини миллӣ, гузаштани хати монеаҳо, зинабароӣ бо чӯб (эстафета), ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳ ва тирпаронӣ аз аслиҳаи гуногун дар ду гурӯҳ: байни афсарон ва сарбозони тибқи даъват гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбӣ бо иштироки Оркестри ҳарбӣ ва дастаи ҳунарии Гвардияи миллӣ барномаи консертии наврӯзӣ баргузор мегардад. Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ ва баргузории сабқати паҳлавонӣ, яъне гӯштини миллӣ дар базмгоҳи наврӯзии гурдон ба нақша гирифта шудааст, ки дар як қисми ҳарбӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешавад.
Бояд гуфт, ки аз ибтидои соли 2021 хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ дар идомаи корҳои ободониву сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон 2150 бех дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва 1760 бех гулу буттаҳои ороишӣ шинондаанд.
Дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ ва биноҳои истиқоматии хизматӣ тозаву озода намудани кӯча, ҷӯйҳо ва атрофи иншооти хизматӣ ҳар ҳафта ба роҳ монда шуда, масъулин ин корҳоро ба амали доимиву дастаҷамъона табдил додаанд.








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






