Бахшида ба Рӯзи Модар аксияи «Фидои дасти дуои модар» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4—5 март бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Фидои дасти дуои модар» аксия ва иқдомҳои идона доир мегарданд.
Тавре мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини якуми Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Изатуллои Ҳабибзод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар доираи ин иқдом ба шаҳрвандони мамлакат, хусусан ба ҷавонон муроҷиатнома ирсол карда мешавад, ки дар он чунин омадааст:
Бонувон ва модарони азиз! Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, бароятон саломативу саодатмандӣ таманно дорад.
Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми занон дар ҷомеа баланд гардида, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа содиқона фаъолият намуда истодаанд.
Мояи сарафрозист, ки занону бонувон дар пешрафту шукуфоии мамлакат ҳамарӯза саҳм гузошта, барои тарбияи фарзандони ватандӯсту хештаншинос талош меварзанд. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, ин муҳаббати ҷовидониро каси дигар иброз карда наметавонад ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад. Модар бо идомаи рисолати волои модарӣ барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне нахустин омӯзгори фарзанд маҳсуб мешавад, ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат пайваста талош меварзад”.
Ҳамзамон дар доираи ин ташаббус аксияи иттилоотӣ ва иқдоми хайриявӣ бо номи “Кумак ба Модар” роҳандозӣ гардида, субҳи барвақт бо ҷалби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир мегарданд.
Дар аксияи иттилоотӣ инчунин варақаҳои таблиғотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бонувон тақсим гардиданд. Дар доираи аксияи мазкур ҷавондухтарон хонаву дари бонувони бемор ва яккаву танҳоро рӯбучин ва тоза намуда, писарон бехҳои дарахтонро нарм ва барои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ қитъаи замини наздиҳавлигии онҳоро побел намуданд. Зимнан ба онҳо як миқдор маводи ғизоӣ низ расонида шуд.










Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






