Бахшида ба Рӯзи Модар байни кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ байни кормандзанон Мусобиқа оид ба тенниси рӯи миз баргузор гардид. Дар мусобиқа бонувони варзишгари сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ду гурӯҳи синну солӣ: то 35-сола ва аз 35-сола боло иштирок намуданд. Дар гурӯҳи кормандзанони аз 35-сола боло ҷойҳои якуму дуюмро кормандони шуъбаи дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ Заррина Маҳмадназарова ва Наталя Манская соҳиб гашта, мақоми сеюм аз Академияи Вазорат насиби Фирӯза Убайдуллозода гардид.
Ба варзишгарони ғолиби мусобиқа Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими кушодашавии мусобиқа сардори Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Нуриддин Пирумшозода тамоми кормандзанони мақомоти корҳои дохилиро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик гуфт.
Мавсуф зикр намуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боло бурдани мавқеи занон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимод гузошт. Дар мушкилтарин моҳҳову солҳо занон исбот намуданд, ки онҳо низ метавонанд дар баробари мардон дар ҳифзи марзу бум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сафи пеш қарор гиранд. Шаҳодати ин гуфтаҳоро теъдоди зиёди занон, ки тӯли солиёни зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии мамлакат, алалхусус дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат мекунанд, собит менамояд. Воқеан нақши зан ҳамчун модар, тарбиятгар, ғамхору мададгор, ҳунарманду ҳунаромӯз, ободкору зебопараст ва олиҳаи ҳусн дар рӯзгори мо бениҳоят калон аст.
Пас аз садои додани Суруди миллӣ мусобиқа оғоз шуда, бо тартиби системаи қоидаҳои байналмилалии Федератсияи байналмилалии «ITTF» гузаронида шуд. Дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ғолибони мусобиқа муайян гардиданд.
Дар гурӯҳи байни кормандони ҷавони то 35-сола мақоми аввалро намояндаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорат Бибиҳамро Уроқова, мақоми дуюмро корманди шуъбаи дастгоҳи марказии Вазорат Таҳмина Ализода ва ҷойи сеюмро аз дастаи Академияи ВКД Интизор Фатҳуллоева ишғол намуданд.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






