Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён Созишномаи генералӣ ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 Созишномаи генералӣ ба имзо расонида шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатӣ ҳамкории сетарафа ба роҳ монда шудааст. Ҳамкорӣ бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои меҳнатӣ бо ба имзо расонидани созишномаи генералӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ сурат мегирад, ки яке аз шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Созишномаи генералӣ масъалаҳои мубрами рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо тавассути ҷидду ҷаҳд ва саъю кўшиши Тарафҳои шарикии иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад.
Ин санад принсипҳои асосии муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиро муқаррар намуда, ба манфиатҳои беш аз 2,5 миллион шаҳрвандони мо, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт кор мекунанд, мустақиман дахл дорад.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи генералӣ барои солҳои 2018-2020 байни вазорату идораҳо, корхонаҳои бузург, дигар ташкилоти соҳавӣ ва 17 кумитаи ҷумҳуриявии соҳавии иттифоқи касаба 58 созишномаи соҳавӣ баста шуд. Дар маҷмӯъ, 114 созишномаи соҳавӣ ва минтақавӣ дар миқёси ҷумҳурӣ имрӯз амалӣ шуда истодаанд.
Созишномаи навбатӣ даҳумин созишномаи генералӣ дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мутобиқ ба Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар натиҷаи муколамаи иҷтимоии шарикони сетарафа таҳия гардидааст.













Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






