Барои баргузории Озмуни «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» 2 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст

Март 27, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ соли сеюм аст, ки дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда мешавад. Ҳар сол ба Низомномаи озмун якчанд тағйирот ворид мегарданд.

Тағйиротеро, ки соли равон ба низомномаи озмун ворид шудаанд, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим САИДОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» шарҳ дод.

Тавре номбурда изҳор дошт, имсол барои баргузории Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ муқаррар шудааст.   Соли 2020 ин маблағ 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомониро ташкил медод.

Чун анъана озмун дар се давр баргузор мегардад. Тағйироти дигари озмун- ин ба ду гурӯҳ ҷудо намудани иштирокчиён мебошад:

— хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гурӯҳи касбӣ);

— хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (минбаъд – гурӯҳи ҳаваскорон)».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ин ду гурӯҳ бо синну сол низ фарқ мекунанд. Дар гурӯҳи якум нафарони аз 12 то 17-сола ва дар дуюм аз 18 то 40-сола иштирок карда метавонанд.

Тавре дар Низомномаи озмуни соли равон  омадааст: «Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

— композиторӣ;

— сарояндагӣ;

— навозандагӣ

Инчунин ҳар як номинатсия аз се жанр: академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ иборат аст».

Дар Низомномаи соли 2019 озмун аз рӯи панҷ номинатсия — оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир гардида буд.

«Агар соли қаблӣ ба ҳар як жанри номинатсия 9 ҷой муайян гардида бошад, имсол ба ҳар як жанри номинатсия панҷ ҷой дар ду гурӯҳ муқаррар шудааст. Барои ҷойи якум ба  як нафар- 35 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм ба  ду нафар 25 000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм ба ду нафар 15 000 сомонӣ дода мешавад, ки дар умум дар як жанри номинатсия панҷ ҷой мебошад»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

«Дар даври сеюм ба ҳар номинатсия як ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо карда мешавад, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст. Ҷоизаи мазкур ба иштирокчие дода мешавад, ки дар асар офаридан, суруд хондан ва мусиқӣ навохтан маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорат, истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст»,-омадааст дар Низомнома.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ду сол қабл ба як нафар Шоҳҷоиза дода мешуд, ки соли 2019 маблағи Шоҳҷоиза 50 000 сомонӣ ва соли 2020 70 000 сомонӣ муқаррар гардида буд. Имсол Кумитаи тадорукоти озмун ба ҳар як номинатсия як Ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо намудааст, ки маблағи он 50 000 сомонӣ муайян шудааст.

«Баргузории чунин озмунҳо хеле муҳим ва саривақтист, зеро ба роҳ мондани онҳо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ тарбия менамояд. Ҳамчунин аз миёни онҳо чеҳраҳои нави санъати тоҷик дарёфт мегарданд»,- иброз намуд Мирзоолим Саидов.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Март 27, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд