Барои иштирокчиёни курси бозомӯзии ҲХДТ дар мавзӯи «Тақвияти маҳорати сарварӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ» суҳбат доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – меҳвари фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ” курси бозомӯзӣ идома дорад.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, тибқи нақшаи курси мазкур, имрӯз роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода дар мавзӯи «Тақвияти маҳорати сарварӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ», Директори институти иқтисод ва демографияи АМИТ Шариф Раҳимзода оид ба «Вазъи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он», Директори Маркази исломшиносӣ Муродулло Давлатзода перомуни «Мушкилоти дин ва мазҳаб дар ҷомеаи дунявӣ» ва муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода роҷеъ ба «Таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ- сарчашмаи муҳими фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо» маърӯза намуданд.
Давоми рӯз барои иштирокдорон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ҳифзи фазои иттилооти миллӣ» бо иштироки намояндагони Кумитаи телевизион ва радио, АМИТ “Ховар” ва сармуҳаррирони рӯзномаву маҷаллаҳо суҳбати «мизи мудаввар» баргузор мегардад.
Ҳамзамон иштирокчиёни курс аз Осорхонаи миллӣ дидан намуда, дар барномаи фарҳангии Ансамбли давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






