Барои тарбиятгирандагони «Хонаи бачагон» ва қисми низомии наздимарзии ноҳияи Фархор маҳфили наврӯзӣ доир шуд

Март 20, 2021 12:12

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз  бо ташаббуси Прокурори ноҳияи Фархор Маҳмадсаид  Насимзода ва мудири бахши САҲШ-и Вазорати адлия дар ин ноҳия   Нилуфар Мирзозода ба   тарбиятгирандагони «Хонаи бачагон»-и ноҳияи Фархор     дар баробари тақдими туҳфаҳои идона ҳамчун кумак   маводи ғизоӣ,  аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакар, макарон, биринҷ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи  аввал расонида шуда, барои хушҳолии онҳо  дастурхони идона ва маҳфили рақсу суруд ташкил гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар ҷараёни маҳфил Прокурори ноҳия М. Насимзода тарбиятгирандагони «Хонаи бачагон»-ро  бо ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда,  онҳоро ба таҳсили хубу намунавӣ, омӯхтану донистани  ҳуқуқҳояшон ва дур будан аз ҷинояткорӣ даъват намуд.

Мудири  бахши САҲШ-и ноҳияи Фархор Н. Мирзозода   изҳор дошт, ки дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо онҳо ба  аёдати  ин кӯдаконе, ки бо амри тақдир аз саробонии   падару модар ё яке аз онҳо маҳрум гаштаанду дар ин таълимгоҳ қарор доранд, омада, бо шароити  зиндагонияшон аз наздик шинос шуда, кумаки ҳамаҷониба мерасонанд.  «Ин кӯдакон набояд худро танҳо эҳсос кунанд ва аз таваҷҷуҳу ғамхориҳо бенасиб бошанд, зеро   онҳо   ҳамеша таҳти ҳимояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор доранд ва   кумаки доимӣ ба онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат мебошад», — афзуд мавсуф.

Дар идомаи  ин гуна иқдоми нек аз  ҷониби бахши  САҲШ-и ноҳияи Фархор ба  зиёда аз 50 нафар тифлакони хуштолеъ, ки 15-16 март  ба дунё омадаанд, дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳия Дилбар Раҳматуллозода шаҳодатномаҳои ройгон ва туҳфаҳо тақдим шуданд.

Инчунин 19 март  барои сарбозони  Дидбонгоҳи  Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, воқеъ дар минтақаи Кокули ноҳияи Фархор  бо ташаббуси мудири  бахши САҲШ-и ноҳияи Фархор Нилуфар  Мирзозода  ва дастгирии соҳибкори ноҳия  Пайрав Муслимов дастурхона идона ташкил гардид.

Март 20, 2021 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад