Беҳтарин кадбонуҳои вилояти Хатлон муайян шуданд

Март 18, 2021 16:08

БОХТАР, 18.03.2021 /АМИТ  «Ховар»/.  Марҳилаи минтақавии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» («Беҳтарин соҳибхоназан») 18 март дар шаҳри Бохтар, дар майдони Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов баргузор ва ҷамъбаст гардид. Ҷойи аввалро ҳунармандони ноҳияи  Шаҳритус, ҷои дуюмро шаҳри  Норак ва  ноҳияҳои А.Ҷомию Ёвон, ҷои сеюмро кадбонуҳои ноҳияҳои Муъминобод, Восеъ ва Вахш гирифтанд.

Дар озмуни мазкур занону духтарони 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Иштирокчиёни озмун, ки дар тан либосҳои миллии идона доштанд, дар дастархонҳои ҷашнӣ намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, кулчақандҳои болаззат ва хӯришҳоро пешниҳод намуданд.

Озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Раёсати кор бо занон ва оила Раъно Раҳимзода бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Аъзои ҳакамон ба ҳунари иштирокчиён тибқи шартҳои озмун баҳо доданд. Бояд зикр кард, ки иштирокчиён дар барномаи фарҳангӣ низ ширкат варзиданд.Ғолибони озмун бо шаҳодатномаҳо ва туҳфаҳои арзишноки  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мукофотонида шуданд.

Ҳамзамон тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷиҳати иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир карда шуд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур- ин эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо,  омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ мебошад.

Довталабони озмун таомҳои миллӣ, аз ҷумла, шакароб, қурутоб, фатирмаска, оши бурида, туппа, далда, суманак, почашӯрбо, дангича, инчунин маҳсулоти нонӣ -қатмол, фатир, чагалдак, фатири қат-қат, чаппотӣ, кулчаҳои калону майда, гирдача ва ғайра тайёр намуда, пешкаши иштирокдорон гардониданд. Ғолибони озмун бо Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур  қадрдонӣ  карда шуданд.

Март 18, 2021 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид