БОКС: Чемпионати Осиё-2021 дар Деҳлӣ доир мешавад

Март 21, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 2.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Деҳлӣ мизбони Чемпионати имсолаи Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) тасдиқ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин чорабинӣ аз 21 то 31 майи 2021 баргузор хоҳад шуд ва пойтахти Ҳиндустон беҳтарин муштзанҳои Осиёро ду моҳ пеш аз Бозиҳои олимпӣ истиқбол хоҳад кард.

Интизор меравад, ки қувваозмоиҳо дар толори варзишии «KH Jadhav», ҷои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон дар соли 2018, сурат гиранд.

Чемпионати гузаштаи Осиё оид ба бокс соли 2019 дар Бангкоки Тайланд баргузор шуда буд, ки дар он варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов медали тилло ба даст овард.

АКС аз КМО Тоҷикистон

Март 21, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд