Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ «ДС суғурта» барои 5 сол иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ДС суғурта» барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни супоридани иҷозатнома, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз директори ҶДММ «ДС суғурта» Баҳром Ашуров барои рушди бозори суғурта, тақвияти доираи маҳсулоти муосири суғуртавӣ ва ба ин васила мусоидат дар таъмини рақобати солим дар бозори суғуртаи кишвар изҳори боварӣ намуд.
Ҳамзамон Идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдор ворид намояд.








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






