Бонки миллии Тоҷикистон: Воҳидҳои сохтории ташкилоти маблағгузории хурд табдили ном намуданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд номи «маркази хизматрасонии бонкӣ» танҳо ба бонкҳо маҳсуб ёфта, марказҳои хизматрасонии ташкилоти маблағгузории хурд «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд» ном бурда мешаванд.
Аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тағйиру иловаҳои мазкур ба «Тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ва филиалҳои онҳо» аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуданд.
Тибқи санади мазкур, номи воҳидҳои сохтории ташкилоти маблағгузории хурд аз «маркази хизматрасонии бонкӣ» ба «маркази хизматрасонии маблағгузории хурд» иваз карда шуда, тағйиру иловаҳо бо мақсади мушаххасан пешбинӣ ва муайян намудани мафҳумҳои маркази хизматрасонии бонкии бонкҳо, бонкҳои исломӣ, ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, ташкилоти қарзии ғайрибонкии исломӣ ва мафҳуми маркази хизматрасонии маблағгузории хурди ташкилоти маблағгузории хурд ва ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ таҳия шудаанд.
-Бинобар ин, ташкилоти маблағгузории хурд вазифадоранд, ки вобаста ба тағйиру иловаҳои ба тартиби мазкур воридшуда ҳамаи овезаҳо ва лавҳаҳои марказҳои хизматрасонии худро дар муҳлати наздиктарин ба талабот мутобиқ намоянд, иттилоъ манбаъ.








Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад






