Бозии байни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо ғалабаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт

Март 26, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 25  март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 7-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни дастаҳои футболи  мунтахаби  Тоҷикистон ва Муғулистон  дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 бар нафъи футболбозони шинохтаи тоҷик анҷом ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ин рақобати шадид шогирдони Усмон Тошев сабқатро фаъолона оғоз карда, ҳанӯз дар дақиқаи 3-юм бо голи задаи Манучеҳр Ҷалилов пешсаф шуданд. Дар идомаи бозӣ  футболбозони тоҷик имкони афзун намудани ҳисобро доштанд, ҳатто як дафъа дарвозаи ҳарифро ишғол намуданд, вале довар онро раво нашуморид. Ҳамин тавр қисми аввали бозӣ бо бартарии як голи дастаи мунтахаби  Тоҷикистон хотима ёфт. Мисли қисми аввали бозӣ дар оғози пайти дуюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошиддат рақобат карда, бо талоши Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 50-ум ҳисоби рақобат 2:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон шуд. Голе, ки ғалабаи зарурии дастаи мунтахаби  Тоҷикистонро таъмин кард, дар охири бозӣ аз сӯи Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонида шуд. Футболбозе, ки 8 дақиқа пеш аз захира вориди майдон шуда, Манучеҳр Ҷалиловро иваз кард.

Ҳамин тавр, бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо бартарии 3:0 ба суди футболбозони тоҷик хотима ёфт. Баъди ин ғалаба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Ғ» мавқеи худро беҳтар намуда, як зина боло баромад. Ҳоло бо касби 10 хол дар зинаи дуюми гурӯҳ мавқеъ гирифтааст.

Ин аввалин рӯйдоди варзишист, ки баъд аз пандемия бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бозии расмии футбол бо иштироки шумораи зиёди мухлисон доир шуд.

Ҷоми ҷаҳон-2022

Марҳилаи интихобӣ. Давраи дуюм

Гурӯҳи «F». Даври 7-ум

Тоҷикистон – Муғулистон – 3:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 3. Алишер Ҷалилов 50, Шаҳром Самиев 87.

Ин бозии ҷолибро шоми  25 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 9300 нафар тамошо  карданд.

Март 26, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад