Бунгоҳҳои тиббӣ дар Султонободу Лоҳур ва кошонаи ҳусн дар шаҳраки Навобод. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шарафи Наврӯз 11 иншоот ба истифода дода мешаванд

Март 20, 2021 09:06

РӮДАКӢ, 20.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни  Наврӯзи байналмилалалӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ  бо иштироки меҳмонону дигар масъулини мақомоти иҷроия 11  иншооти таъйиноташон гуногун, ки аз тарафи соҳибкорону сокинони деҳоти ватандӯст бунёд гардидаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Сармеъмори ноҳияи Рӯдакӣ  Абдукарим Суфиев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» изҳор дошт, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз  бо саҳми соҳибкорону сокинони деҳоти ноҳия 11 иншоот, аз қабили  бинои дорухона  дар деҳаи Оби шифои Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа,   толори варзиш, ҳаммоми замонавӣ, сартарошхона ва мағозаи хӯрокворӣ аз тарафи соҳибкор Парвиз Хуҷаев дар деҳаи Оби шифо,   пули деҳаҳо дар ҷамоати Чолгултеппа, бунгоҳҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Султонободу Лоҳур ва Зйнабобод бо саҳми сокинони маҳал,  мағозаи молҳои мавриди ниёзи мардум дар Ҷамоати шаҳраки Турсунзода, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ, кошонаи ҳусн дар шаҳраки Навобод, фермаи парвариши чорвои майда дар  деҳаи Пистамазор  ва мағозаи молҳои мавриди ниёзи аввал дар Ҷамоати деҳоти Эсанбой сохта шудаанд, ки  дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати идона  ба истифода дода мешаванд.

Директори Корхонаи фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и  ноҳияи Рӯдакӣ Қамариддини Қумриддин гуфт, ки  “барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои Наврӯзи ҷаҳонию 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мо, кормандони муассиса  баҳри тозаю озода ва ободу зебо гардонидани кӯчаҳои маркази шаҳраки  Сомониён кӯшишу ғайрати худро равона кардаем. Хушбахтона, то имрӯз дар гармхонаҳо 5500 бех гули садбарг,  28 ҳазор дона  гулҳои мавсимии виола ва маргаритка, 600 бех дарахтони сояафкан,  40 ҳазор  дона  тухми гулҳои мавсимии тегедис, тоҷи хурус ва салвия парвариш намудаем”.

Зикр шуд, ки кормандони муассиса мунтазам ҷӯйборҳоро  аз хасу хошок тоза намуда, баҳри таблиғу ташвиқи суннату анъанаҳои миллӣ дар маркази ноҳия зиёда аз 100 адад гӯшаю овезаҳои тарғиботӣ насб намудаанд.

Март 20, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст