ЧИН — ШАРИКИ АСОСИИ ТИҶОРАТӢ-ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барои кумак ҳангоми пандемия изҳори сипос намуданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, масъалаҳои густариши ҳамкории мутақобилаи тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва нақлиёт, дар бахши кишоварзӣ ва инчунин қадамҳои муштараки минбаъда ҷиҳати рафъи буҳрони молиявӣ ва иқтисодии вобаста ба пандемияи коронавирус дирӯз зимни гуфтугӯи телефонии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин муҳокима шуданд.
Президенти Тоҷикистон ба Президенти ҶМЧ барои кумак ва дастгирӣ дар кори рафъи оқибатҳои пандемия, ба шумули омодагии Ҳукумати ҶМЧ барои ба таври ройгон ба Тоҷикистон ҷудо намудани ваксинаи зидди вируси истеҳсоли Чин аз тарафи Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Тарафҳо ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чин ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ иброз доштанд.
Аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар тӯли даҳсолаи охир Чин ба шарики асосии тиҷоратӣ ва иқтисодӣ мубаддал гардид ва дар соҳаи сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин додани қарзҳои имтиёзнок мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Ғайр аз ин, Чин дар қатори се шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ ҷой гирифта, аз рӯи ҳаҷми мубодилот пас аз Россия ва Қазоқистон қарор дорад.
Тибқи иттилои Агентии омор, моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон аз 26 давлати ҷаҳон ба маблағи тақрибан 3,3 миллион доллари ИМА бо вазни умумии 387,3 тонна кумаки башардӯстона ворид шудааст. Дар байни кишварҳои мададрасон, вазни хоси бештар аз рӯи арзиши кумаки башардӯстона ба Чин — 38,4%, Россия — 20,0%, Ҳиндустон — 13,3%, Нидерланд — 5,7%, Британияи Кабир — 5,1%, Шветсия — 2,5%, Германия ва Дания — 2,1% ҳар кадом, Малайзия — 1,8%, Франсия — 1,7%, Полша ва Иёлоти Муттаҳида — 1,4%, Норвегия ва Сингапур — 1,0% ва дигарон рост меояд.
Соли гузашта Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 21 миллион доллар кумаки башардӯстона расонид, ки ин 37,3% ҳаҷми умумии чунин дастгириро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, шумораи умумии донорҳои Тоҷикистон соли гузашта 62 кишварро ташкил дод.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






